Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

July 2022
M T W T F S S
1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Яке аз вазифаҳои асосии мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат дар баланд бардоштани маърифатнокии шаҳрвандон оид ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, шаклҳо ва воситаҳои ҳифзи он ба ҳисоб меравад.

Бо мақсади иҷрои самараноки вазифаи зикршуда, дар доираи гурўҳи кории байниидоравӣ ва бо ташаббуси мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2022-2026 таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуд, ки тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2021, №565 қабул гардид.

Амалисозии Барномаи мазкур ҳамкориҳои мутақобилаи мақомоти давлатӣ, шарикони рушд ва ҷомеаи шаҳрвандиро тақозо менамояд. Аз ин лиҳоз, 12 майи соли ҷорӣ ба мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо мақсади таҳкими ҳамкориҳо Сергей Дикман, Кристина Хохлова ва Азимҷон Сайфиддинов - намояндагони Барномаи HELP дар Осиёи Марказӣ, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо ва Шўрои Аврупо дастгирӣ меёбад, ташриф оварданд.

Бо меҳмонон Қодирӣ Суҳайлӣ - сардори Шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кўдаки мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон – котиби ҳамоҳангсози амалисозии Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2022-2026 ва Баҳодур Абдуллоев – ёрдамчии муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон вохўрӣ намуданд.

Зимни вохўрӣ нахуст оид ба таърихи ташаккул ва фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар самти ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд маълумоти муфассал пешниҳод карда шуда, вобаста ба амалишавии Стратегияи фаъолияти мақомот барои солҳои 2021-2025 ва Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2022-2026 мулоқоти судманд доир гардид.

Намояндагони Барномаи HELP дар Осиёи Марказӣ ҳавасмандии худро ҷиҳати мусоидат ба амалисозии Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2022-2026 иброз доштанд.

Дар охир ба Қодирӣ С. бо назардошти муваффақона ба итмом расонидани тренинг барои тренерон, ки дар якчанд давра тайи солҳои 2020-2021 тариқи маҷозӣ баргузор гардида буд, Сертификати HELP супорида шуд.

Хадамоти матбуотии ВҲИ

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор