Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

July 2022
M T W T F S S
1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон 12-13 майи соли 2022 барои хизматчиёни давлатӣ аз Осиёи Марказӣ дар мавзӯи “Таҷдиду такмили идоракунии давлатӣ ва риояи принсипҳои волоияти ҳуқуқ” конференсияи байналмилалӣ доир гардид. Дар кори конференсия намояндагон аз мақомоти давлатии ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон   мавзӯҳои ислоҳоти идоракунии давлатӣ ва принсипҳои волоияти ҳуқуқ, пешниҳоди хизматрасониҳои босифати давлатӣ, таъмини устувории ислоҳоти маъмурӣ, усулҳои идоракунии захираҳои инсонӣ ва баҳодиҳии самаранокии фаъолияти хизматчиёни давлатиро баррасӣ намуданд.

Дар кори чорабинии мазкур намояндагони Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ иштирок доштанд.

Сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Ҳабибулозода Р. зимни баромади худ вобаста ислоҳоти дар ҷумҳурӣ дар самти мазкур амалишаванда ва нақши Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар такмили идоракунии давлатӣ ва таъмини принсипи волоияти ҳуқуқ ба иштирокчиён маълумот пешниҳод кард.  Зимни баромад қайд гардид, ки Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон тавассути иҷрои вазифаҳои бо қонун пешбинишуда, аз ҷумла қабул ва баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон, гузаронидани санҷишу мониторингҳо, пешниҳоди маърӯзаҳои солона, амалӣ гардонидани барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон дар масъалаи мазкур мусоидат менамояд.

Иштирокчиён зикр намуданд, ки  ниҳоди самаранок фаъолияткунандаи миллии ҳифзи ҳуқуқи инсон механизми зарурии рушди демократӣ ва идоракунии муносиб ва омили муҳими таҳкими қонуният дар ҷомеаи демократӣ мебошад.

Хадамоти матбуотии ВҲИ

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор