Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

April 2024
M T W T F S S
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30

 

ВАКОЛАТДОР ОИД БА ҲУҚУҚИ ИНСОН ДАР
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатии зерин озмун эълон менамояд:

  • Сармутахассиси шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон 1 ҷой, маоши мансабӣ 2011,05 сомонӣ
  • Сармутахассиси шуъбаи ташкилӣ, иттилоотӣ ва таҳлилии Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон 1 ҷой, маоши мансабӣ 2011,05 сомонӣ,
  • Мутахассиси пешбари Намояндагии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар  Вилояти Хатлон – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1112,20 сомонӣ

Дар ҳолати доштани собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи Ҷадвали ягонаи тарифӣ илова пулӣ пардохт карда мешавад.

Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансабҳои мазкур

Сармутахассиси шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансабии маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
  • 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ ;
  • донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ ва як забони хориҷӣ;
  • донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи инсон;
  • кор карда тавонистан бо компютер.

Сармутахассиси шўъбаи иттилоотӣ-таҳлилии

Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • таҳсилоти олии касбӣ дар соҳаи илмҳои гуманитарӣ;
  • 2 сол собиқaи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
  • донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, як забони хориҷӣ;
  • донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои ўҳдадориҳои мансабии сармутахассиси шўъбаро ба танзим медароранд;
  • мавҷудияти малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
  • кор карда тавонистан бо компютер, Веб-сайт ва Интернет, техникаи асбардорӣ, сабти навор ва овоз;
  • таҷрибаи кор дар воситаҳои ахбори омма (ВАО), доштани қобилияти таҳрир, тарҷума.

Мутахассиси  пешбари Намояндагии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Хатлон

  • таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансабии маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
  • 1 сол собиқаи умумии  меҳнатӣ;
  • донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ ва як забони хориҷӣ;
  • донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи инсон;
  • кор карда тавонистан бо компютер.

Ҳуҷҷатҳои пешниҳодшаванда:

  • ариза ба унвони роҳбари мақомот;
  • варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо бо 2 адад акси 3х4;
  • тарҷумаи ҳол;
  • нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
  • нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
  • маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ;
  • нусхаи шиноснома;
  • нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;
  • маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулкӣ;
  • маълумотнома оид ба надоштани доғи судӣ;
  • дигар ҳуҷҷатҳо дар мавридҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ.

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо

734023,  шаҳри Душанбе, кӯчаи Бохтар -10, тел: 221-47-87

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рӯз аз рӯзи нашри эълон.

Маълумоти бештар дар сомона www.ombudsman.tj

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор