Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

April 2024
M T W T F S S
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои дар паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷгардида, инчунин тибқи Барномаи амали мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон барои соли 2022 ҷиҳати ташкили машваратҳои сайёри ҳуқуқӣ ва қабули шаҳрвандон аз ҷониби Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон У.Бобозода рӯзҳои 8-11августи соли ҷорӣ дар вилояти Суғд барои таҳким бахшидани ҳамкориҳои мақомоти давлатӣ ва сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла шаҳри Панҷакент ва ноҳияи Айнӣ қарор доштанд.

Мақсад аз анҷом додани сафарҳои хизматӣ баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, тақвият ва таҳким бахшидан ба ҳамкориҳои манфиатовар дар самти таъмини риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, амалисозии нақшаҳои миллии амалҳо оид ба иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар самти ҳуқуқи инсон, инчунин муайян намудани мушкилиҳоиҳои аҳолии шаҳру ноҳияи зикргардида дар самти ҳуқуқи инсон мебошад.

Дар доираи сафари кории мазкур вохӯрии ВҲИ бо намояндагони сохторҳои дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои зикргардида баргузор гардид. Дар вохӯриҳо масъулини шуъбаҳои маориф ва илм, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, Комиссия оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ВАО иштирок намуданд. Иштирокчиёни вохӯриҳо дар муҳити озод ва ҳамдигарфаҳмӣ оид ба ҷанбаҳои гуногуни вазъи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва мушкилоти ҷойдошта табодули афкор намуданд.

Дар умум зимни қабули арзу шикоятҳо аз ҷониби ВҲИ 24 муроҷиати шаҳрвандон дар шаҳру ноҳияҳои зикргардида баррасӣ карда шуда, ба онҳо маслиҳатҳои дахлдори ҳуқуқӣ дода шуданд. Барои баъзе аз шаҳрвандон тавсия дода шуд, ки ҷиҳати мусоидат ба ҳалли мушкилоташон тариқи хаттӣ бо мусоидати Намояндагии ВҲИ дар вилоятхо ва Қабулгоҳҳои ҷамъиятӣ ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон муроҷиат намоянд.

Қайд намудан ба маврид аст ки, қабули муроҷиатҳо дар якҷоягӣ бо раисони шаҳру ноҳияҳо, намояндагони сохторҳои дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, намояндагони шуъбаҳои иҷтимоӣ ва занон гузаронида шуд, ки бисёри мурочиатхо дар чояш хали худро ёфтанд.

Ба шаҳрвандоне, ки шифоҳӣ муроҷиат намуданд, аз ҷониби ВҲИ маслиҳатҳои дахлдори ҳуқуқӣ дода шуд.

 

                                                                                                                                                                         

 

                                                                                                                                                                                                                      Хадамоти матбуотии ВҲИ

 

 

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор