Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

March 2024
M T W T F S S
1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Баррасии масъалаҳои таълими ҳуқуқи инсон

дар ноҳияи Фирдавсӣ

 

Яке аз вазифаҳои асосии мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат дар баланд бардоштани маърифатнокии шаҳрвандон оид ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, шаклҳо ва воситаҳои ҳифзи он ба ҳисоб меравад.

Бо мақсади иҷрои самараноки вазифаи зикршуда ва ҳадафҳои Барномаи умумиҷаҳонии таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2020-2024 бо ташаббуси мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи гурӯҳи кории байниидоравӣ Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2022-2026 таҳия ва бо  қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2021, №565 тасдиқ гардида, амалӣ шуда истодааст.

Дар ин робита мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе санаи 21 ноябри соли ҷорӣ дар мавзӯи “Тарзу восита ва методикаи таълими ҳуқуқи инсон” мизи мудаввар баргузор намуд. Дар чорабинӣ масъулини Дастгоҳи Раиси ноҳия, омӯзгорони фанни “Ҳуқуқи инсон”, роҳбарияти муассисатҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуданд.

Барои иштирокчиёни мизи мудаввар С. Қодирӣ – сардори Шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдаки мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон вобаста ба раванди татбиқи Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2022-2026, Зарина Норова  - мудири кафедраи томактабӣ ва миёнаи умумии Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф оид ба методҳои таълими дарсҳои ҳуқуқи инсон ва Юлдашева Ҷамила оид ба таҷрибаи омӯзгорӣ аз фанни “Ҳуқуқи инсон” лексия-суҳбат гузарониданд.

Мизи мудаввар самаранок баргузор гардида, иштирокчиён оид ба паҳлуҳои мухталифи масъалаҳои ҳуқуқи инсон андешаронӣ намуда, дар баҳсу мунозираҳо фаъолона иштирок намуданд.

Барои иштирокчиёни мизи мудаввар аз ҷониби Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон маводҳои иттилоотӣ дастрас карда шуданд.

 

Хадамоти матбуотии ВҲИ ҶТ

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор