Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

July 2024
M T W T F S S
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 31

   

Санаи 20 июни соли ҷорӣ бо ташаббуси Намояндагии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Суғд дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти Ҷамъиятии «Машваратчиени ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Ширкати телевизион ва радиои «АЗИЯ» мизи мудаввар дар мавзӯи «Нақши давлат, ҷомеа ва ВАО дар пешгирӣ ва мубориза бо шиканҷа» сабт гардид. Чорабинии мазкур бахшида ба «Соли маърифати ҳуқуқӣ» ва «Рузи байналмилалӣ алайҳи шиканҷа», ки ба 26 июн рост меояд, ташкил ва гузаронида шуд. Дар чорабинии мазкур роҳбари НВҲИ Суғд – Ҳамидова Х, мутахассиси пешбари НВҲИ Суғд – Мамадҷонова М., муовини сардори Раёсати адлияи вилояти Суғд – Самадзода И.А., мутахассиси шубаи Раёсати адлияи Суғд – Исозода Н., сардори шуъбаи суди гарнизони вилояти Суғд – Холзода М.Ш., муовини сардори Раёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ дар вилояти Суғд – Ҷамилзода Ф.М., муфаттиши ШТ РВКД – Маҳмадов У.А., судяи суди вилояти Суғд – Аҳмадзода Ф., Адвокати коллегияи адвокатҳои вилояти Суғд – Фаррух Абдулло,  машваратчиени халқии суди вилояти Суғд,  намояндагони ташкилоти ҷамъиятии «Дунёи ҳуқуқ» ва «Машваратчиени ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки аъзои «Эътилофи зидди шиканҷа» мебошанд, иштирок намуданд.

 

Дар доираи чорабинӣ суолҳои зерин баррасӣ карда шуданд:

- Шиканҷа чист? Кадом санади меъёрии ҳуқуқӣ шиканҷаро ҷиноят эътироф мекунад? Дар бораи мисолҳои воқеии шиканҷа ва ҷазоҳои татбиқшуда маълумот пешниҳод намоед. Шахсоне, ки нисбаташон шиканҷа Карор дода шудааст, чӣ тавр метавонанд дар бораи ҳодисаи рухдода хабар диҳанд? ва чанд суолҳои дигар.

Дар қисми ҷамъбастии чорабинӣ иштирокчиен ба хулоса омаданд, ки натанҳо барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, балки барои баланд бардоштани дараҷаи муълумотнокии кормандони сохторҳои гуногун оиди ҷавобгарӣ барои вайрон намудани ҳуқуқҳои инсон ва шаҳрванд бояд мунтазам дар ҳамҷоягӣ корбарӣ намуд. Дар ин нуқта чорабинӣ чамбаст гардид.

Хадамоти матбуотии ВҲИ

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор