Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

July 2024
M T W T F S S
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 31

Чорабини иттилоотӣ вобаста ба ҳуқуқи истифодабарандагони хизматрасониҳои молиявӣ ва ҳуқуқи соҳибкорон

Санаи 25 июни соли 2024 Шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқи истифодабарандагони хизматрасониҳои молиявӣ ва ҳуқуқи соҳибкорони Дастгоҳои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкории якҷоя бо Ассотсиатсияи миллии соҳибкории хурд ва миёна дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори маҷлисии мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон чорабини иттилоотӣ вобаста ба ҳуқуқи истифодабарандагони хизматрасониҳои молиявӣ ва ҳуқуқи соҳибкорон дар робита бо таъсис ёфтани мансаби Муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи истифодабарандагони хизматрасониҳои молиявӣ ва ҳуқуқи соҳибкорон бахшида ба “Соли маърифати ҳуқуқӣ” баргузор намуд.

Чорабини иттилоотӣ бо иштироки намояндагони Бонки миллӣ, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони ассотсиатсияҳои соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар самти фаъолияти бахшҳои гуногуни соҳибкорӣ баргузор карда шуд.

Чорабини мазкурро У. Бобозода оғоз карда, доир ба “Соли маърифтаи ҳуқуқӣ” эълон гаштани соли 2024, инчунин оид ба сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, хусусан ҳимояи ҳуқуқи соҳибкорон суханронӣ намуд. Сипас тибқи барномаи чорабинӣ суханҳои навбатӣ ба маърӯзачиён дода шуд ва аз ҷониби онҳо доир ба мавзӯъҳои таъсиси ниҳоди Муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи истифодабарандагони хизматрасониҳои молиявӣ ва ҳуқуқи соҳибкорон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақсади таъсис, самтҳои фаъолият ва вазифаҳои шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқи истифодабарандагони хизматрасониҳои молиявӣ ва ҳуқуқи соҳибкорони Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баромадҳо карда шуда, ба иштирокчиён маълумотҳои дахлдор пешниҳод гардид.

Дар охир аз ҷониби иштирокчиён доир ба масъалаҳои такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, такмили механизми ҳимояи ҳуқуқи соҳибкорон дар қонунгузорӣ, дастгирӣ ва рушди соҳибкорӣ ва монанди инҳо муҳокимарониҳо карда шуда, таклифу тавсияҳои дахлдор пешниҳод карда шуданд.

 

Хадамоти матбуотии ВҲИ ҶТ

 

 

 

 

 

 

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор