Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

April 2024
M T W T F S S
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30

28 сентябри соли 2021 дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд дар мавзӯи “Таҳкими ҳамкориҳои байниидоравӣ дар минтақаҳои кишвар роҷеъ ба беҳтар кардани некуаҳволии занону духтарон, ҳифзи саломатии репродуктивӣ ва пешбурди баробарии гендерӣ” бо дастгирии Хазинаи нуфуси СММ (UNFPA) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар баргузор гардид, ки дар кори он сардори Шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон - Шарафҷон Раҷабов иштирок намуд.

Дар чорабинии мазкур муовини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мансурӣ Дилрабо Сайдулло, намояндагони Суди Олӣ, Прокуратураи генералӣ, Вазоратҳои корҳои дохилӣ ва тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаҳои кор занон ва оила кор бо ҷавонон ва варзиш, инчунин Хазинаи нуфуси СММ (UNFPA) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Дар мизи мудаввар аз ҷониби баромадкунандагон масъалаҳои такмили қонунгузории миллӣ ва стратегияҳои беҳтар намудани некуаҳволии занон ва духтарон, нишондодҳои солимии репродуктивӣ, омилҳои номатлуби зӯроварӣ, тартиби расонидани ёрии амалӣ ба ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оила аз тарафи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва мусоидат дар баробарии гендерӣ баррасӣ гардиданд.

Зимни баргузории мизи мудаввар муколама ва муҳокимарониҳо сурат гирифта баромадкунандагон ба саволҳои иштирокчиён ҷавобҳои мушаххас доданд.

Дар охир аз ҷониби иштирокчиён оид ба беҳтар намудани вазъ дар самти мазкур таклифҳои мушаххас, аз ҷумла баланд бардоштани маърифатнокии аҳолӣ вобаста ба маърифати оиладорӣ, пурзӯр намудани назорати иҷрои талаботи қонунгузорӣ дар самти баробарии гендерӣ ва пешгирии зӯроварӣ дар оила, беҳтар намудани чорабиниҳои иттилоотӣ пешниҳод гардиданд.

 

            Хадамоти матбуоти ВҲИ

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор