Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

October 2024
M T W T F S S
1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31

 

МАЪРӮЗАИ ҲАРСОЛАИ ВАКОЛАТДОР ОИД БА ҲУҚУҚИ ИНСОН

Тибқи моддаи 24 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маърӯзаҳои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар асоси таҳлили вазъи воқеии ҳуқуқу озодиҳои инсон, пешрафту дастовардҳо ва мушкилоту норасоиҳои самтҳои алоҳидаи ҳуқуқи инсон таҳия ва ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешаванд.

Илова бар мақомотҳои дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» зикргадида, ҳамчунин Маърӯзаҳои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба мақомотҳои дигари дахлдори сохтори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва намояндагиҳои созмонҳои байналмилалӣ баҳри баланд бардоштани сатҳи иттилоотонӣ дар самти таъмини ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд пешниҳод карда мешаванд.

Маърӯзаҳои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси таҳлилу омӯзишҳое, ки зимни фаъолияти амалии солонаи мақомот анҷом дода мешаванд, ҳамасола таҳия мегарданд.

Маърӯзаҳои мазкур бо мақсади ҷалби таваҷҷуҳи мақомоти давлатӣ, сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва васоити ахбори омма ба масъалаҳои гуногуни ҳуқуқи инсон таҳия гардида, тақозо менамояд, ки бо дарназардошти дастовардҳои муҳими Тоҷикистон дар самти ҳуқуқу озодиҳои инсон барои пешрафти минбаъдаи онҳо ва бартараф намудани норасоиҳои мавҷуда чораҳои мушаххас андешида шаванд.

Ҳар як Маърӯза аз пешгуфтор, ду қисм ва хотима таркиб ёфта, бо мақсади беҳтар кардани вазъи таъмини ҳуқуқҳои инсон вобаста ба ҳар як самти баррасигардида тавсияҳо пешниҳод карда шудаанд.

Дар қисми аввали Маърӯза масъалаҳои таҳкими иқтидори мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, қабул ва баррасии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, такмили қонунгузорӣ ва санҷиши вазъи риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва баланд бардоштани маърифати аҳолӣ дар самти ҳуқуқи инсон инъикос гардидаанд.

Дар қисми дуюм мавзӯъҳои ҳуқуқ ба озодӣ аз шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф, ҳуқуқи инсон дар муассисаҳои пӯшида ва қисман пӯшида, ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот, ҳуқуқи инсон ба интихобот, ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо, ҳуқуқи шахсони дорои маъюбият, пешгирии кирдорҳои зӯроварӣ дар оила ва ҳуқуқ ба саломатӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.

Дар Маърӯзаҳо вазъи риоя ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои алоҳидаи инсон дар сатҳи қонунгузории миллӣ ва амалияи ҳуқуқтатбиқкунӣ бо дарназардошти уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуда, ҷиҳати бартарафсозии мушкилоти ҷойдошта тавсияҳои мушаххас пешниҳод карда шудаанд.

Маърӯзаҳои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо се забон – тоҷикӣ, англисӣ ва рӯсӣ тарҷума карда шуда, дар сомонаи мақомот (www.ombudsman.tj) дар бахши “Маърӯзаҳо” ҷойгир карда мешаванд.

Итминон дорем, ки ба инобат гирифтани муҳтаво ва тавсияҳои дар Маърӯзаҳои ҳамасолаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон пешниҳодшуда барои боз ҳам беҳтар гардидани вазъи эътироф, эҳтиром, риоя, таъмин, ҳифз ва пешбурди ҳуқуқҳои инсон мусоидат намуда, мақомоти дахлдори давлатӣ дар ҳамбастагӣ бо сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷиҳати амалӣ намудани тавсияҳое, ки дар маърӯзаҳои солонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон омадаанд, чораҳои заруриро меандешанд ва дар пешбурди ҳуқуқ ва озодиҳои инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳм мегузоранд.

Бо эҳтиром, Ваколатдор оид ба ҳуқуи инсон

У. Бобозода

Маърӯзаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ барои соли 2023 

Маърӯзаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ барои соли 2022

Маърӯзаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар ҶТ барои соли 2022

Маърӯзаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ барои соли 2021

Маърӯзаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар ҶТ барои соли 2021

Маърӯзаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ барои соли 2020

Маърӯзаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ барои соли 2019

Маърӯзаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ барои соли 2018

Маърӯзаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ барои соли 2017

Маърӯзаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ барои соли 2016

Маърӯзаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ барои соли 2015

Маърӯзаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ барои соли 2014

Маърӯзаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ барои соли 2013

Маърӯзаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ барои соли 2012

Маърӯзаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ барои соли 2011

Маърӯзаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ барои солҳои 2009-2010

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор