Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

August 2022
M T W T F S S
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 31

 

“Китоб маҳсули ақлу заковати мардуми соҳибтамаддун, омили асосии ҳифзи фарҳанги миллӣ ва яке аз муҳимтарин воситаҳои маърифатнок кардани аҳли ҷомеа буда, қобилияти сухандониву суханрониро сайқал медиҳад, доираи андешаву тафаккур ва ҷаҳонбинии инсонро васеъ ва ўро ба роҳи дурусти зиндагӣ раҳнамоӣ мекунад”.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

 

Китоб муҳимтарин воситаи ташаккулдиҳандаи ахлоқи ҳамидаи инсонӣ ва омили баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии мардум, хоса насли ҷавонон дар ҷомеаи башарӣ маҳсуб мешавад. Он метавонад дар камолоти маънавию рушди арзишҳои ахлоқиву равонии ҷомеа нақши муассир гузорад. Китоб ба ҳайси шиносномаи шоистаи ҳар як халқу миллат барои поку бегазанд нигоҳ доштани арзишҳои волои миллӣ ва аз як насл ба насли дигар интиқол додани хотираи таърихӣ нақши бузург дорад. Маҳз китоб аст, ки тавассути он мо ба таъриху тамаддун ва паҳлуҳои гуногуни ҳаёти гузаштагони худ ва осори безаволи онҳо шинос шуда, омӯзиши онро барои рушду такомули ҳаёти маънавии ҷомеа пайваста тарғиб менамоем.

Дар суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдат Пешвои миллат Президенти мамлакат Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи бинои нави Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва мулоқот бо зиёиёни кишвар роҷеъ ба нақшу мақом ва рисолати китоб дар гиромидошти забон ва фарҳанги миллӣ мулоҳизаҳои ҷолиб баён ёфтанд.

Аз ҷумла, Президенти мамлакат зикр намуд, ки «Китоб аст, ки таърихи куҳанбунёди мо, ганҷинаҳои тамаддуни башарӣ, дурдонаҳои назми ҳазорсолаи мо, достонҳо ва илму дониши даврони бостонӣ, хираду заковати наслҳо ва халқҳоро зинда нигоҳ медорад. Китоб аст, ки бо нури донишу маърифат роҳи мардумонро равшан сохта, боиси ҳастиву пойдории миллат, таърих, забон, адабиёт ва фарҳанг гардидааст».

Воқеан, дар роҳандозии рисолатҳои китобу китобхонӣ ва тафаккури китобӣ, инъикоси дастовардҳои маънавии инсоният ва рушди иқдисодиёту инноватсия китобхонаҳо мақому мартаба ва нақши назаррас доранд. Зеро, бе омӯзиши гузашта ояндаро наметавон бунёд кард. 

Ба мо маълум аст, ки дар шароити феълии рушди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявии Тоҷикистони соҳибистиқлол таъмини волоияти қонун ва иҷрои бечунучарои он аз бисёр ҷиҳат ба сатҳи дониш, тафаккур ва маърифати шаҳрвандон вобаста аст.

 

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти китобдорӣ

Руйхати китобҳо дар Китобхонаи мақомоти ВҲИ ҶТ

Мифы о библиотеке и библиотекарях

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор