Санаи 11 -12 июни соли 2026 дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин Форуми байналмилалӣ таҳти унвони «Рушди муштарак, ҳуқуқҳои муштараки инсон: 40 солагии Эъломия дар бораи ҳуқуқ ба рушд ва дидгоҳи нав барои идоракунии глобалии ҳуқуқи инсон» баргузор гардид, ки дар кори он Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода иштирок намуда, бо маъруза баромад кард.

Зимни суханронии худ Умед Бобозода оид ба дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифз ва пешбурди ҳуқуқи инсон, қонунгузорӣ ва ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегии миллӣ дар ин соҳа, ташаббусҳои байналмилалии кишвар ва нақши Тоҷикистон дар таҳкими низоми байналмилалии ҳифзи ҳуқуқи инсон ибрози назар намуд.
Ҳамчунин, мавсуф дар бораи фаъолияти ниҳоди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, саҳми он дар ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, мусоидат ба барқарорсозии ҳуқуқҳои вайроншуда ва рушди ҳамкориҳо бо сохторҳои байналмилалӣ маълумот пешниҳод кард.
Дар ҳошияи форум Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шабакаҳои чинии CCTV ва CGTN мусоҳиба намуда, вобаста ба баргузории форуми зикршуда, инчунин, таҷрибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти пешбурд ва ҳифзи ҳуқуқи инсон иттилоъ доданд.
Лозим ба ёдоварист, ки форуми мазкур бо ташаббуси Шурои Олӣ ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардида истодааст.
Дар ҷараёни форум намояндагони давлатҳо, созмонҳои байналмилалӣ ва коршиносони соҳаи ҳуқуқи инсон масъалаҳои мубрами идоракунии глобалӣ, рушди устувор ва роҳҳои таҳкими ҳамкориҳои байналмилалиро дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон матраҳ намуданд.











