Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

June 2026
M T W T F S S
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30

Санаи 17 июни соли 2026  бо ибтикори Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар бахшида ба 75-умин солгарди қабули Конвенсияи СММ дар бораи мақоми гуреза ва Рӯзи умумиҷаҳонии паноҳандагон, ки ҳамасола 20 июн ҷашн гирифта мешавад, баргузор гардид.

 Дар чорабинӣ Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони аъзои Комиссияи муштараки доимоамалкунандаи назди Вазорати корҳои дохили Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, Раёсати Комиссари Олии СММ оид ба ҳуқуқи гурезаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ташкилоти ҷамъиятии “Инсон ва Адолат” иштирок намуданд.

Чорабиниро Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз намуда, таъкид доштанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун аъзои комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, аз ҷумла гурезаҳо ва шахсони паноҳҷӯяндагон, аҳаммияти махсус зоҳир менамояд.

Таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз аввалинҳо шуда, аз миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ Конвенсияи СММ “Дар бораи мақоми гурезаҳо”-ро ба тасвиб расонида, заминаҳои қонунгузории миллиро барои таъмини ҳуқуқҳои ин гурӯҳи аҳолӣ мунтазам такмил медиҳад.

Қайд гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша ба принсипҳои инсондӯстӣ ва меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ содиқ буда, ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои гурезаҳо ва шахсони паноҳҷӯяндагон, бахусус шаҳрвандони Афғонистон тамоми шароити заруриро фароҳам меорад. Инчунин, қайд карда шуд, ки барои ҳамгироии бомуваффақияти ин гурӯҳи осебпазири ҷомеа дастрасии онҳо ба ёрии тиббӣ, гирифтани таҳсилоти ибтидоӣ ва миёна, бо кор таъмин шудан, машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ нақши муҳим мебозад.

Ҳамзамон, дар мизи мудаввари мазкур як қатор таклифу пешниҳодҳо ҷиҳати такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои гурезаҳо ва паноҳҷӯяндагон пешниҳод гардиданд.

Дар фарҷоми чорабинӣ, Умед Бобозода таъкид намуд, ки мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон омодааст, ки дар ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои гурезаҳо ва шахсони паноҳҷӯяндагон бо мақомотҳои дахлдори давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ҳамкориҳоро ба роҳ монад.

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор