Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

August 2026
M T W T F S S
1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31

 

Санаи 27-31 июни соли 2026 Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода бо мақсади қабули шаҳрвандон ба ноҳияи Айнӣ ва шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд сафари корӣ анҷом доданд.

Зимни сафар аз ҷониби Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон У. Бобозода дар шаҳру ноҳияи зикргардида дар якҷоягӣ бо мақомотҳои иҷроия ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияи зикргардида қабули шаҳрвандон ба роҳ монда шуд. Дар маҷмуъ 30 нафар муроҷитакунандагон дар ноҳияи Айнӣ ва шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд аз ҷониби Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон қабул карда шуданд.

Таҳлили муроҷиатҳои шаҳрвандон нишон дод, ки аҳолӣ бештар бо масоили гуногуни ҳуқуқи инсон, аз қабили баҳсҳои оилавӣ ва тақсимоти молумулки муштарак, ҳуқуқ ба манзили истиқоматӣ, соҳибмулкӣ ба замин тибқи муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъалаи саркашӣ аз супоридани алимент, ҳуқуқ ба таҳсил, ҷудо намудани қитъаи замини деҳқонӣ, дастгирии иҷтимоии шаҳрвандон ва оилаҳои камбизоат, тартиби ҷудо намудани кӯмакҳои молиявӣ барои харидории либоси мактабӣ, барасмиятдарории ҳуҷҷатҳои қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ, таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ ва полезӣ, ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон муроҷиатҳои шифоҳӣ намуданд.

Вобаста ба масъалаҳои зикргардида дар самти ҳуқуқҳои инсон дар шаҳру ноҳияи мазкур Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шахсони муроҷиаткунанда машварат ва тавсияҳои ҳуқуқӣ доданд. Боиси қайд аст, ки бархе аз муроҷиатҳои шаҳрвандон дар ҳузури роҳбарони аввали шаҳру ноҳияи зикргардида ҳалли мусбии худро ёфтанд.

Ҳамзамон, У. Бобозода таъкид намуданд, ки мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати боз ҳам тақвият бахшидан ба таъмини риоя ва ҳифзи ҳуқуқи инсон, иттилоотонӣ ва баланд бардоштани маърифатнокии ҳуқуқии аҳолӣ, инчунин муайян намудани проблемаҳои аҳолӣ дар самти ҳуқуқу озодиҳои инсон тасмим гирифтааст, ки минбаъд низ вобаста ба проблемаҳои рӯзмара қабули шаҳрвандон дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат ба роҳ монда, чораҳои дахлдорро роҳандозӣ намояд.

www.ombudsman.tj

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор