Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

September 2026
M T W T F S S
1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30

Имрӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Умед Бобозода бо роҳбари Ташкилоти ғайритиҷоратӣ, байналмилалии башардӯстонаи «Good Neighbors International» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Фароғат Мирзоева мулоқот намуданд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар самти ҳифз ва пешбурди ҳуқуқи инсон, аз ҷумла ҳуқуқи кӯдак, табодули таҷриба ва амалияи пешқадам, инчунин мусоидат ба кӯдакони осебпазирро баррасӣ намуданд.

Дар идомаи мулоқот маросими баимзорасонии Ёддошти тафоҳум миёни мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти ғайритиҷоратӣ, байналмилалии башардӯстонаи «Good Neighbors International» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар маросими баимзорасонии Ёддошти тафоҳум Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода, муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигора Муқимӣ, сардорони воҳидҳои сохтории дахлдори мақомот ва Фароғат Мирзоева, роҳбари Ташкилоти ғайритиҷоратӣ, байналмилалии башардӯстонаи «Good Neighbors International» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Зимни суханронӣ Умед Бобозода таъкид дошт, ки давоми собиқаи хуби ҳамкориҳо ва бо мақсади рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар самти ҳифз ва пешбурди ҳуқуқи инсон, аз ҷумла кӯдакон, табодули таҷриба ва амалияи пешқадам барои кумак ва мусоидат ба кӯдакони осебпазир, таҳкими иқтидори мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар самти ҳифзи ҳуқуқи кӯдак маросими баимзорасонии Ёддошти тафоҳум баргузор мегардад.

Гуфта шуд, ки дар доираи ҳамкориҳо ба кӯдакони аз оилаҳои осебпазир, кӯдаконе, ки ҳуқуқҳояшон вайрон гардидааст ва кӯдакони дар вазъияти душвори иҷтимоӣ қарордошта мусоидат карда мешавад.

Ҳамзамон, ҷиҳати ташвику тарғиби ҳуқуқи инсон, аз ҷумла кӯдак ва дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт тавассути ташкил ва баргузории конференсияҳо, семинарҳо, мизҳои мудаввар ва дигар чорабиниҳои муштарак, инчунин таҳия, тарҷума ва нашри маводҳои иттилоотӣ барои баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии насли наврас ҳамкориҳо давом дода мешаванд.

www.ombudsman.tj

 

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор