Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

February 2023
M T W T F S S
1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28

Дар асоси Барномаи амали мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022  сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулозода Р. ва мутахассиси пешбари Намояндагии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Хатлон Ҳайдарзода М.  рӯзҳои  10-11 ноябри соли 2022   санҷиши фаъолияти нозири пешгирии зӯроварӣ дар оила дар ШВКД дар шаҳри Бохтар ва ҳуҷраи тавонбахшии тиббию иҷтимоӣ барои ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оиларо, ки дар Беморхонаи клиникии вилояти Хатлон ба номи Б.Воҳидов ҷойгир аст, гузарониданд.

Фаъолияти нозири пешгирии зӯроварӣ дар оила  дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила”, Барномаи давлатии пешгирии зӯроварӣ дар оила ба роҳ монда шуда, дар ин самт  корҳои муайян амалӣ карда мешаванд. Аз ҷумла,  муроҷиатҳои шаҳрвандон сари вақт баррасӣ шуда, нисбати шахсони зӯроварӣ дар оиларо содирнамуда чораҳои дахлдори қонунӣ, аз қабили амрномаҳои муҳофизатӣ, баргузор намудани сӯҳбатҳои хусусияти тарбиявидошта, дастгиркунии маъмурӣ татбиқ карда мешаванд. Дар ин давра нисбати 38 нафар амрномаи муҳофизатӣ бароварда шудааст ва як нафар барои зӯроварӣ дар оила ба ҳабси маъмурӣ кашида шудааст.

Нозир бо 33 оилаҳои ноустувор пайваста корҳои профилактикӣ мегузаронад.

Зимни сафари мазкур инчунин фаъолияти ҳуҷраи тавонбахшии тиббию иҷтимоӣ барои ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оила, ки дар Беморхонаи клиникии вилояти Хатлон ба номи Б.Воҳидов ҷойгир аст, мавриди санҷиш қарор дода шуд. Ба ҷабрдидагон, ки тавассути худмуроҷиат ва роҳхати мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ин ҳуҷра ворид мешаванд, кӯмаки зарурии тиббӣ, равонӣ ва иҷтимоӣ расонида мешаванд. Соли ҷорӣ дар ҳуҷраи мазкур 13 нафар ҷабрдидагон бо тавонбахшӣ фаро гирифта шудаанд.

Ҳуҷра бо таҷҳизоти замонавӣ ҷиҳозонида шудааст. Дар он се кат,  ҳаммом, яхдон, кондитсионер, ҷойпушҳои хоб,  мизу курсиҳо ва маводи доруворӣ мавҷуданд.  Ҷабрдидагони дар ҳуҷраи мазкур нигоҳ дошташаванда аз ҳисоби беморхона ду маротиба бо хӯроки гарм ва доруворӣ таъмин карда мешаванд.

Зимни сафар бо ҷалби намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, фаъолзанон ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар мавзӯи “Пешгирии зӯроварӣ дар оила” мизи мудаввар доир гардида, масъалаҳои мубрами самти мазкур мавриди муҳокимаи ҳамаҷониба қарор дода шуданд. Аз ҷониби иштирокчиён ҷиҳати  ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд байни субъектони пешгирии зӯроварӣ дар оила пешниҳодҳо манзур гардиданд.

 Иштирокчиён аз баргузор намудани мизи мудаввар изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз доштанд, ки чунин чорабиниҳо барои пешбурди фаъолияти самаранок дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон муфиданд. 

Хадамоти матбуотии ВҲИ

 

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор