Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

July 2024
M T W T F S S
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 31

Вохӯрии У. Бобозода, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумуҳрии Тоҷикистон бо ҳайати намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ


Санаи 15 ноябри соли 2023 тибқи дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 ноябри соли 2023, № 40449(31-5), Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Умед Бобозода бо Сафири Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Тоҷикистон, мушовири калони муассисаҳои ислоҳотӣ Эндрю Утосс, мушовири адлияи ҷиноиии Департаменти мубориза бо терроризм Марк Кэролл, корманди шуъбаи мубориза бар зидди терроризм хонум Флоренс Пиллман аз Вазорати корҳои хориҷии Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд, мулоқоти судманд анҷом доданд. Дар ҷарраёни вохӯрӣ, зимни муҳокимаи масъалаҳо ҳамчунин кормандони масъули мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ шират доштанд.

Зимни мулоқот, Умед Бобозода ташрифи Сафири Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Тоҷикистон ва ҳайати расмии намояндагони Вазорати корҳои хориҷӣ, Иттиҳод ва Рушди Британияи Кабирро ба мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон хайра мақдам гуфта, доир ба самтҳои афзалиятноки стратегии мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, инчунин оид ба Стратегия  миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон барои то дарвраи соли 20023  маълумоти муфассал дода, қайд намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии худ дар самти риоя ва ҳифзи ҳуқуқи инсон пайваста талош мекунад ва дар ин робита саҳми мақомоти Ваколатдор  оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон назаррас мебошад.

Аз ҷониби намояндагони Вазорати корҳои хориҷӣ, Шоҳигарии Муттаҳида ва Рушди Британияи Кабир ҷиҳати қабул дар сатҳи баланд ва анҷоми мулоқоти самимӣ бо Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон арзи сипос карда шуд. 

     

Зимни вохӯрӣ суханронии ҷонибҳо вобаста ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», инчунин оид ба таъсис дода шудани Гурӯҳи мониторингии назди мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон аз муассисаҳои пӯшида ва қисман пӯшида ва пурсамарии фаъолияти ин гурӯҳи корӣ амалӣ карда шуд.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронӣ ҷиҳати тадбирҳои аз ҷониби Ҳукумати кишвар роҳандозишуда оид ба иқдомоти саривақтӣ ва самарабахши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи назаррас арзёбӣ карда, изҳор намуданд, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пешрафту рушди ҳамаҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таъмин ва ҳифзи ҳуқуқи инсон, хусусан дар самти таъмини ҳимоя ҳуқуқу озодиҳои шахсони маҳкумшуда, таъмини амнияти давлатӣ ва мубориза барзиди терроризм ва экстрмизм ва дар ин ҷода пайваста талош ва саҳм гузоштани Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии худ дар самти риоя ва ҳифзи ҳуқуқи инсон муҳим аст.

Ҷониби ҳайати расмии намояндагони Вазорати корҳои хориҷӣ, Иттиҳод ва Рушди Британияи Кабир инчунин ҷиҳати доир намудани ҳамкориҳо дар самтҳои мухталифи ҳуқуқ инсон ва дастгрии ҳамаҷониба изҳори омодагӣ намуд.

Дар охири мулоқот ҳайати расмии аз Вазорати корҳои хориҷии Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода барои пазироии самимӣ изҳори миннатдорӣ намуд.

Хадамоти матбуотии ВҲИ

 

 

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор