Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

July 2024
M T W T F S S
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 31

Бо мақсади таъмини иҷрои самараноки фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2023, №668 оид ба “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон шудани соли 2024 ва Нақшаи чорабинињо оид ба амалисозии амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №АП-533 аз 18 марти соли 2024 “Дар бораи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон намудани соли 2024” бо иқдоми Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 23 майи соли ҷорӣ бахшида ба «Соли маърифати ҳуқуқӣ» Мизи мудаввари ҷумҳуриявӣ дар мавзўи “Нақши калидии ташаккули маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар давлати ҳуқуқбунёд” баргузор гардид.

Дар кори Мизи мудаввар намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ, созмонњои байналмилалӣ, доираҳои илмии ватанӣ, сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва васоити ахбори омма иштирок намуданд.

        Чорабинӣ бо суханони ифтитоҳии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи  инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  Умед Бобозода, муовини сардори Раёсати кафолатҳои ҳуқуқи инсони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зафар Сафарализода ва Роҳбари Намояндагии Барномаи Рушди СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ленни Монтиел оғоз гардид.

        Сипас, маърӯзаҳо аз ҷониби намояндагони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо ва сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар мавзӯъҳои  «Маърифати ҳуқуқӣ – омили муҳими таъмини волоияти қонун дар ҷомеа», «Раванди амалисозии Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон барои давраи то соли 2038 дар мақомоти ВҲИ», «Маърифати ҳуқуқӣ ҳамчун падидаи муҳими сиёсати ҳуқуқии давлат», «Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ байни ҷавонон”, «Маърифати ҳуқуқӣ – Ташаккул ва рушди ҷомеаи ҳуқуқбунёд», “Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон – яке аз механизмҳои муҳими баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ”, «Ташаккули маърифати ҳуқуқӣ дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», “Роль институтов гражданского общества в образовании и просвещении в области прав человека”, “Продвижение прав человека и просвещение в области прав человека: сотрудничество, деятельность и дальнейшие планы”, «Нақши Намояндагиҳои ВҲИ дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон» ва "Мусоидат дар пешгирии шиканҷа дар Тоҷикистон тавассути баланд бардоштани иқтидори мутахассисон дар низоми адлия ва ҷомеаи шаҳрвандӣ" пешниҳод карда шуданд.

   Иштирокчиёни чорабинӣ мавзӯъҳои пешниҳодшударо мавриди муҳокимаи ҳамаҷониба қарор дода, ҷиҳати амалисозии саривақтӣ, самаранок ва муваффақонаи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба “Соли маърифати ҳуқуқӣ”, ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №АП-533 аз 18 марти соли 2024 тасдиқ шудааст, фикру мулоҳизаҳои ҷолиби худро баён намуданд.

Тасмим гирифта шуд, ки вазорату идораҳои давлатӣ ва сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд аз созмонҳои байналмилалӣ минбаъд низ ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон аз қишрҳои гуногуни ҷомеа пайваста саъю талош мекунанд.

 

Хадамоти матбуотии ВҲИ

 

 

 

 

 

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор