Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

July 2024
M T W T F S S
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 31

Вохӯрии Умед Бобозода бо муовини Роҳбари Намояндагии минтақавии Раёсати Комиссари Олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон ҷаноби Фабио Пиана

Дар доираи амалисозии фаъолият дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар Тоҷикистон Умед Бобозода - Ваклатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо  муовини Роҳбари Намояндагии минтақавии Раёсати Комиссари Олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон ҷаноби Фабио Пиана ва ҳайати ҳамроҳонаш – мушовирони ҳуқуқи инсони Дафтари Ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон Сергей Штукарин ва Суҳроб Шоев мулоқот доир намуд.

 

Сараввал ҷаноби Фабио Пиана Умед Бобозодаро барои ба муҳлати навбатӣ таъин шуданаш ба вазифаи Ваклатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, барои ӯ дар ин мансаби пурмасъулият бурдбориҳи таманно намуд.

Бобозода Умед аз дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон ва санадҳои қабулшудаи стратегии кишвар, бахусус Стратегияи миллии ҳифзи ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2038, амалишавии қонунгузории зиддитабъизӣ ва дурнамои фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар шуда, фаъолияти мақомотро  муаррифӣ намуд ва оид ба ҳамкориҳои самарабахш бо мақомотҳои давлатӣ ва ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ мушаххасан иттилоъ дод.

 

Инчунин, дар рафти вохӯрӣ вобаста ба ноилшавии ниҳоди миллии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи инсон ба мақоми “А” тибқи Принсипҳои Париж, Маърӯзаҳои солонаи мақомоти мазкур, гурӯҳи мониторингии назди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар самтҳои фаъолият суҳбат доир гардид.

Дар рафти мулоқот муовини Роҳбари Намояндагии минтақавии Раёсати Комиссари Олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон ҷаноби Фабио Пиана барои пазироии дӯстона ба Умед Бобозода миннатдорӣ намуда, қайд намуд, ки барои ҳамкорӣ байни мақомоти Ваклатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Намояндагии минтақавии Раёсати Комиссари Олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон ҳавасманд мебошанд.

Дар маҷмуъ, мулоқот дар руҳияи ҳусни тафоҳум баргузор гардида, ҷонибҳо омодагии худро барои ҳамкориҳои дуҷониба иброз намуданд.

 

 Хадамоти матбуоти ВҲИ

                                                                                                            

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор