Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

July 2024
M T W T F S S
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 31

Қабули шаҳрвандон дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон

Бо мақсади иҷрои талаботи моддаи 11-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон» ва банди 108-и Барномаи амали мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024 санаи 5 июни соли 2024 дар ноҳияи Панҷ аз ҷониби роҳбари Намояндагии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Хатлон дар якҷоягӣ бо Раиси ноҳияи Панҷ Рўзи қабули шаҳрвандон ташкил ва баргузор карда шуд.

Дар чорабинии мазкур роҳбарони ташкилоту идораҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва шаҳрвандони ноҳия иштирок намуданд. Дар рафти қабули муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ аз тарафи роҳбари Намояндагии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Хатлон 15 адад муроҷиати шифоҳӣ ва 1 адад муроҷиати хаттии шаҳрвандон ба қайд гирифта шуданд. Муроҷиатҳои шифоҳии шаҳрвандон дар ноҳияи Панҷ бештар ба баҳсҳои замини наздиҳавлигї, ҳуҷҷатгузорӣ намудани хонаи истиқоматӣ, расонидани кӯмакҳои моддиву молиявӣ ва дигар масъалаҳо вобастагӣ доштанд.

Ҳамзамон, бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии донишҷўён дар Колеҷи тиббии ноҳия бо иштироки омўзгорону донишҷўёни Колеҷ дарси омўзишӣ гузаронида шуд.

    Хадамоти матбуоти ВҲИ

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор