Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

July 2024
M T W T F S S
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 31

ВОХӮРИИ ИТТИЛЛОТӢ БО КОРМАНДОНИ ШУЪБАИ ВАЗОРАТИ КОРҲОИ ДОХИЛӢ  ДАР ШАҲРИ ХУҶАНД

Санаи 24 июни соли ҷорӣ бо ташаббуси Намояндагии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Суғд дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти Ҷамъиятии «Дунёи ҳуқуқ» вохӯрии иттилоотӣ баргузор гардид. Чорабинии мазкур бахшида ба «Соли маърифати ҳуқуқӣ» ва «Рӯзи байналмилалӣ алайҳи шиканҷа», ки ба 26 июн рост меояд, ташкил ва гузаронида шуд.

Дар чорабинии мазкур роҳбари НВҲИ Суғд Ҳамидова Ҳ. бо маърӯза дар мавзӯи «Нақши НВҲИ дар пешгирӣ ва мубориза бо шиканҷа» баромад намуд. Пас, сухан ба намояндаи Ташкилоти ҷамъиятии «Дунёи ҳуқуқ» Гулчеҳра Ашурова дода шуд, ки бо маърӯза дар мавзӯи «Нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ ва Эътилофи зидди шиканҷа дар мубориза бо шиканҷа» баромад намуд.

Дар қисми ҷамъбастии чорабинӣ иштирокчиён ба хулоса омаданд, ки на танҳо барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, балки барои баланд бардоштани дараҷаи муълумотнокии кормандони сохторҳои гуногун оиди ҷавобгарӣ барои вайрон намудани ҳуқуқҳои инсон ва шаҳрванд бояд мунтазам дар якҷоягӣ корбарӣ намуд.

Хадамоти матбуоти ВҲИ

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор