Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2025
M T W T F S S
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 31

 Санаи 21 ноябри соли 2025 дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва кормандони мақомот ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар баргузор гардид.

    Нахуст Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода чорабиниро ифтитоҳ бахшида, ҳозирин ва дар симои онҳо мардуми ватандӯсти ҷумҳурии азизамонро бо ин рӯзи фараҳбахш самимона муборакбод намуданд.

    Зимни суханронӣ Бобозода Умед аз таърихи парчами давлатӣ ва саҳми беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рамзҳои давлатӣ” ёдовар шуда, қайд намуданд, ки парчам ин рамзи миллӣ ва давлатдорӣ мебошад.

    Инчунин, дар мизи мудаввар Икрамова Зилоламуовини сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқ ба баробарӣ ва озодӣ аз табъиз дар мавзӯи “Парчами давлатӣ – ифодагари роҳи таърихии халқи Тоҷикистон ва баёнгари арзишҳои фарҳангии миллӣ ва сиёсӣ”, Салоҳиддинзода Муҳаммадёрдамчии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар мавзӯи “Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон - рамзи соҳибистиқлолии кишвар” ва Шоназарова Сайёрасармутахассиси шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсии Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи “Тоҷикистон, парчамат бодо парафшон!” маърӯза намуданд.

    Дар рафти чорабинӣ иштирокчиёни чорабинӣ маърӯзаҳои пешниҳодшударо шунида, андешаҳои худро баён намуданд.

    Дар фарҷоми чорабинии ҷашнӣ Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобозода Умед бори дигар ҳамагонро бо ин рӯзи таърихӣ - Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод намуда, ба ҳамаи ҳамватанони азизамон тансиҳатӣ, бурдбориҳо ва сулҳу оромиро таманно намуд.

 

 

 

 

 

 

Хадамоти матбуотии ВҲИ

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор