Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2025
M T W T F S S
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 31

Ҳамкории Тоҷикистон бо Финляндия дар самти таҳкими ниҳоди миллии ҳифзи ҳуқуқи инсон тақвият меёбад

Ноябрь 27, 2025 09:39

ДУШАНБЕ, 27.11.2025 /АМИТ «Ховар»/Аз 24 то 26 ноябр Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода барои рушди ҳамкорӣ бо Финляндия дар самти таҳкими ниҳоди миллии ҳифзи ҳуқуқи инсон ва кӯдак бо масъулони вазорати маориф ва фарҳанг, агентии миллии таҳсилот, вазорати адлия, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак, Анҷумани ҳуқуқи инсон, Маркази волоияти қонун, Маркази ҳуқуқи инсон ва Фонди «Абилис»-и ин кишвар мулоқот намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Ваколатдор хабар доданд, зимни вохӯрӣ барои амалисозии барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон, таҳкими иқтидори ниҳодҳои миллӣ оид ба ҳуқуқи инсон, роҳандозии ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба дар самти эътироф, эҳтиром, ҳифз ва пешбурди ҳуқуқи инсон, хусусан ҳуқуқҳои кӯдак, рақамикунонии низоми ҳуқуқи инсон ва мутобиқати ниҳодҳои миллӣ ба «Принсипҳои Париж» табодули назар карда шуд.

Финляндия бо кишварҳои Осиёи Марказӣ робитаи хуб дошта, аз ҷумла дар бахшҳои мухталифи ҳуқуқи инсон, ба монанди волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқи маъбон ҳамкорӣ менамояд.

Ҳамчунин дар идомаи сафар дар назар аст, ки Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 27-28 ноябр дар ҷаласаи дуюми омбудсменҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки ба масъалаи мутобиқати ниҳодҳои миллии ҳифзи ҳуқуқи инсон ба «Принсипҳои Париж» ва гирифтани мақоми «А» бахшида шудааст, иштирок ва оид ба дастовардҳои Тоҷикистон дар самти ҳифз ва пешбурди ҳуқуқи инсон маъруза намояд.

АКС: Хадамоти матбуоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бознашр аз сомонаи "АМИТ Ховар" 

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор