Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

December 2025
M T W T F S S
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 31

Ҳамкориҳо бо Финляндия дар самти таҳкими ниҳоди миллии ҳифзи ҳуқуқи инсон ва кӯдак тақвият меёбанд

Ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳо У.Бобозода - Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати ҳамкорон дар Финляндия қарор дошта, дар доираи сафари мазкур рӯзҳои 24-26 бо масъулони вазорати маориф ва фарҳанг, агентии миллии таҳсилот, вазорати адлия, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак, Анҷумани ҳуқуқи инсон, Маркази волоияти қонун, Маркази ҳуқуқи инсон ва Фонди "Абилис" дидору мулоқот намуд.

Зимни мулоқот, пеш аз ҳама ҷиҳати амалисозии барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон, таҳкими иқтидори ниҳодҳои миллӣ оид ба ҳуқуқи инсон, роҳандозии ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба дар самти эътироф, эҳтиром, ҳифз ва пешбурди ҳуқуқи инсон хусусан ҳуқуқҳои кӯдак, рақамикунонии низоми ҳуқуқи инсон ва мутобиқати ниҳодҳои миллӣ ба "Принсипҳои Париж" табодули назар карда шуд.

Лозим ба ёдоварист, ки Финляндия бо кишварҳои Осиёи Марказӣ робитаи хуб дошта, аз ҷумла дар бахшҳои мухталифи ҳуқуқи инсон ба монанди волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқи маъбон ҳамкорӣ менамояд.

Ҳамчунин, дар идомаи сафар У.Бобозода - Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 27-28 ноябр дар ҷаласаи дуюми омбудсменҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки ба масъалаи мутобиқати ниҳодҳои миллии ҳифзи ҳуқуқи инсон ба "Принсипҳои Париж" ва гирифтани мақоми "А" бахшида шудааст иштирок намуда, вобаста ба дастовардҳои Тоҷикистон дар самти ҳифз ва пешбурди ҳуқуқи инсон маъруза мекунад.

Сафари мазкур дар доираи татбиқи Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2022-2026, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2021, №565 тасдиқ шудааст, аз ҷониби Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе дастгирӣ ёфта, итминон дорем, ки таҷрибаи андӯхта ҷиҳати роҳандозии иқдомҳо барои таҳкими иқтидори ниҳоди миллии ҳифзи ҳуқуқи инсон ва кӯдак, рақамикунонии соҳа ва дурнамои татбиқи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон мусоидат мекунад.

Хадамоти матбуотии ВҲИҶТ

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор