Маълумот барои тамос:
Телефон
(+992 37) 221-46-92
Суроғаи электронӣ:
Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
Забирзода Некрӯй Ханҷар
Маълумоти умумӣ, таҳсилот
-
Таваллуд шудааст 10 апрели соли 1964, шаҳри Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон.
-
Соли 1992 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм намудааст.
-
Соли 2002 Донишкадаи иқтисод ва молияи Тоҷикистонро хатм намудааст.
-
Соли 2003 Академияи давлатии бозомӯзии касбӣ ва баланд бардоштани дараҷаи ихтисоси кормандон ва мутахассисони соҳаи сармоягузории ш. Москваи ФР. хатм намудааст.
-
Соли 2004 Академияи русии хадамоти давлатии назди Президенти Федератсияи Россия, шаҳри Москваи ФР. хатм намудааст.
-
Соли 2006 Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон хатм намудааст.
-
Ихтисос: муҳандис-иқтисодчӣ; ҳуқуқшинос; идоракунии кормандон; идоракунии давлатии бехатарии миллӣ; иқтисоди байналмилалӣ.
Собиқаи меҳнатӣ
-
1984 – 1985 - Сарпионервожатийи мактаби миёнаи рақами 211-и ноҳияи Рӯдакӣ;
-
1985 – 1987 - Хизмат дар қувваҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ, шаҳри Аягуз, Қазоқистон;
-
1987 – 1988 - Иқтисодчии Трести истеҳсолии автомобилӣ «Трансводстрой», шаҳри Душанбе;
-
1988 – 1990 - Муҳосиби калони Кумитаи комсомолии ноҳияи Роҳи оҳани шаҳри Душанбе;
-
1990 – 1992 - Сармуҳосиби сохтори хоҷагидории Кумитаи комсомолии ноҳияи Фрунзеи шаҳри Душанбе;
-
1992 – 1993 - Сармуҳосиби сохтори хоҷагидории Кумитаи Ҳизби Коммунистии ноҳияи Фрунзеи шаҳри Душанбе;
-
1993 – 2000 - Раиси Ширкати истеҳсолӣ- тиҷоратии «Роҳи Нек»;
-
2000 – 2001 - Муовини Директории Агентӣ оид ба дастгирӣ ва рушди соҳибкории хурди назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-
2001 – 2002 - Муовини Директори Агентии давлатӣ оид ба сиёсати зиддинҳисорӣ ва дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-
2002 – 2004 - Таҳсил дар Академияи руссии хадамоти давлатии назди Президенти Федератсияи Руссия, шаҳри Москва;
-
2004 – 2006 - Сардори Раёсати тадқиқоти масъалаҳои фаъолияти соҳибкорӣ ва инкишофи бахши хусусии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе;
-
2006 – 2008 - Директори филиали ҶСК «Ориёнбонк» дар ноҳия Шаҳринав;
-
2008 – 2013 - Раиси Иттифоқи соҳибкорон ва содиркунандагони Тоҷикистон;
-
2013 – 2018 - Директори генералии КВД “Тоҷинвест” дар назди Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
-
2018 – 2021 - Раиси Шурои Иттифоқи Соҳибкорон ва Содиркунандагони Тоҷикистон, шаҳри Душанбе;
-
2021 – 2025 - Сардори Раёсати дастгирии соҳибкории Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
-
Аз 21 ноябри соли 2025 то инҷониб Сардори Шуъбаи ҳифзи давлатии истифодарандагони хизматрасониҳои молиявӣ ва ҳуқуқи соҳибкорони Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон









