Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

May 2026
M T W T F S S
1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Мулоқоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Умед Бобозода бо Сафири Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи 30 апрели соли 2026 Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Умед Бобозода бо Сафири Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Элза Пинйол вохӯрии расмӣ анҷом дода, доир ба масъалаҳои гуногуни ҳуқуқи инсон мулоқот намуд.

 Дар вохӯрӣ ҳамчунин корманди масъули Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардорони шуъбаҳои Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон иштирок карданд.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо вобаста ба масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқи инсон, хусусан масоили мутобиқатии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба Принсипҳои Париж, тақвияти ҳамкориҳо дар самти Шарҳи универсалии даврӣ (даври сеюм) ва дигар масъалаҳои марбут ба онҳо табодули афкор намуданд.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода дар хусуси дастовардҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масъалаҳои ҳуқуқи инсон ибрози назар намуда, қайд намуданд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи ҳифз ва пешрафти ҳуќуќи инсон ќадамҳои устувор гузошта, пайваста санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор ва ҳуҷҷатҳои муҳими старатегӣ қабул менамояд.

Сафири Фаронса хонум Элза Пинйол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пазироии самимӣ ва идома додани ҳамкориҳои мутақобилаи судманд баҳри риоя ва ҳифзи ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастовардҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон марбут ба масъалаҳои ҳуқуқи инсон изҳори миннатдорӣ карда, қайд намуд, ки давом додани ҳамкориҳои судманд мувофиқи мақсад буда, баҳри амалӣ ва риоя намудани ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ иқдоми зарурӣ ва қобили дастгирӣ мебошад.

Дар фарҷоми мулоқот баррасии ҷузъиёти сафари дарпешистодаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба Фаронса мавриди муҳокима қарор дода шуд.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор