Санаи 22-юми июни соли ҷорӣ дар доираи иштирок дар Вохӯрии машваратии ниҳодҳои миллии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон, ки таҳти раёсати Ҷумҳурии Қирғизистон дар шаҳри Бишкек баргузор гардид, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобозода Умед бо Акыйкатчы (Омбудсмен)-и Ҷумҳурии Қирғизистон Ҷаманбеева Ҷамиля мулоқоти судманд анҷом дод.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои муҳимми ҳамкорӣ дар самти ҳифз ва пешбурди ҳуқуқу озодиҳои инсон, мубодилаи таҷрибаи пешқадам, таҳкими фаъолияти ниҳодҳои миллии ҳуқуқи инсон ва густариши робитаҳои дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Таъкид гардид, ки рушди ҳамкориҳо миёни ниҳодҳои миллии ҳуқуқи инсони ду кишвар барои таҳкими ҳифзи ҳуқуқҳои инсон, такмили механизмҳои баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон ва пешбурди арзишҳои умумибашарии ҳуқуқи инсон аҳаммияти муҳим дорад.
Бобозода Умед вобаста ба Эъломияи Хуҷанд дар бораи дӯстии абадии Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон, ки 31 марти соли 2025 дар шаҳри Хуҷанд аз ҷониби сарони давлатҳо ба имзо расид, ёдовар шуд.
Дар ҷараёни мулоқот, бо мақсади ба сатҳи нав баровардани ҳамкориҳои байниҳамдигарӣ, Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Акыйкатчы (Омбудсмен)-и Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонида шуд.


Ҳуҷҷати мазкур заминаи ҳуқуқиро барои густариши ҳамкорӣ дар самтҳои мубодилаи иттилоот ва таҷриба, баргузории чорабиниҳои муштарак, таҳқиқоти соҳавӣ, такмили иқтидори касбӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолият дар масъалаҳои марбут ба ҳифзи ҳуқуқи инсон фароҳам меорад.
Ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи муколамаи созанда ва таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои дӯстона ба хотири таъмини беҳтари ҳуқуқ ва озодиҳои инсон дар ҳар ду кишвар изҳор намуданд.
Мулоқот дар фазои ҳусни тафоҳум, эҳтироми мутақобила ва руҳияи шарикии созанда доир гардид.











