Дар ҳошияи чорабиниҳои машваратии ниҳодҳои миллии ҳифзи ҳуқуқи инсон Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода бо роҳбари Сарраёсати ҳамкориҳои байналмилалии Ситоди ҳуқуқи инсони Ҷумҳурии Исломии Эрон Қосим Бармуз мулоқот анҷом дод.

Аснои мулоқот ҷонибҳо масъалаҳо марбут ба таҳкими ҳамкориҳои дуҷонибаро дар соҳаи ҳуқуқи инсон, табодули таҷриба дар самти ҳифз ва пешбурди ҳуқуқу озодиҳои инсон, инчунин роҳҳои густариши ҳамкориҳоро дар бахшҳои мавриди назар баррасӣ карданд.
Умед Бобозода аҳаммияти рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ миёни ниҳодҳои миллии ҳифзи ҳуқуқи инсонро дар шароити кунунӣ таъкид намуда, изҳор дошт, ки мубодилаи таҷрибаи пешқадам ва ҳамоҳангсозии талошҳо барои ҳифзи ҳуқуқи инсон ба таҳкими фаъолияти чунин ниҳодҳо мусоидат хоҳад намуд.
Дар навбати худ Қосим Бармуз ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон барои розигӣ ҷиҳати баргузории мулоқот ва қабули ӯ изҳори сипос намуда, омодагии ҷониби Эронро ҷиҳати густариши ҳамкориҳо бо Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид кард.
Лозим ба ёдоварист, ки 23 июни соли 2026 дар шаҳри Бишкек нахустин вохӯрии машваратии ниҳодҳои миллии ҳуқуқи инсони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор мегардад.










