Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

June 2026
M T W T F S S
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30

23 июни соли 2026 дар шаҳри Бишкек Нахустин вохӯрии машваратии ниҳодҳои миллии ҳуқуқи инсони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид, ки дар кори он Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода иштирок ва бо маъруза суханронӣ намуд.

Зимни суханронӣ дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳуқуқи инсон, аз ҷумла фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар самти ҳифз ва пешбурди ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳамчунин, масъалаҳои дигари мавриди назар муаррифӣ гардиданд.

Ҳамзамон, дар ҳошияи чорабинӣ Умед Бобозода ба намояндагони воситаҳои ахбори оммаи маҳаллӣ ва байналмилалӣ мусоҳиба дода, оид ба таҷрибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон, татбиқи ислоҳоти ҳуқуқӣ ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт андешаронӣ намуд.

Нимаи дуюми рӯз Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони Федератсияи Россия Лантратова Яна Валеревна мулоқот анҷом дод. Дар рафти мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба, мубодилаи таҷриба дар самти ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва дурнамои рушди ҳамкориҳоро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҳамчунин, дар ҳошияи чорабинӣ ҳайатҳои иштирокчии вохӯрӣ аз ҷониби Раиси Жогорку Кенеши Ҷумҳурии Қирғизистон Марлен Маматалиев ба ҳузур пазируфта шуданд. Дар ин мулоқот Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода низ иштирок намуд. Зимни вохӯрӣ масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ, рушди муносибатҳои дӯстона ва нақши ниҳодҳои миллӣ дар ҳифзи ҳуқуқи инсон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Чорабинӣ дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории созанда баргузор гардида, барои таҳкими робитаҳои байни ниҳодҳои миллии ҳуқуқи инсони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ва мубодилаи таҷрибаи пешқадам дар соҳаи ҳифз ва пешбурди ҳуқуқи инсон заминаи мусоид фароҳам хоҳад овард.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор