Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

September 2026
M T W T F S S
1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30

Пешниҳоди гузориши даврии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқи кӯдак

18 сентябри соли 2026 дар шаҳри Женеваи Конфедератсияи Швейтсария ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашуриён дар ҷаласаи 101-уми Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқи кӯдак гузориши навбатии даврии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро пешниҳод намуд.

Дар кори ҷаласа ҳайати Тоҷикистон, аз ҷумла Муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигора Муқимӣ иштирок намуд.

Зимни муаррифии гузориши миллӣ ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аъзои Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқи кӯдак маълумоти муфассал оид ба раванди татбиқи муқаррароти Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд.

Дар рафти муколамаи созанда бо аъзои Кумита ва гузоришгарони кишварӣ нишондиҳандаҳо ва дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифз ва таъмини ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон, аз ҷумла кӯдакони дорои маъюбият, пешбурди ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ, пешгирии зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон ва хариду фурӯши кӯдакон, таъмини ҳуқуқ ба таҳсил ва тандурустӣ, инчунин дигар самтҳои татбиқи Конвенсия муаррифӣ гардиданд.

Ҳамзамон, таваҷҷуҳи махсус ба чораҳои андешидашуда дар доираи такмили қонунгузорӣ, татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак ва иҷрои тавсияҳои қаблии Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқи кӯдак равона карда шуд.

Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқи кӯдак ба муколамаи созанда, иштироки фаъоли ҳайати Тоҷикистон ва таҳлили равандҳои мусбат дар самти ҳифзи ҳуқуқи кӯдак баҳои баланд дода, омодагии ҷониби Тоҷикистонро барои идомаи ҳамкориҳо ва баррасии масъалаҳои мубрами соҳаи мазкур муҳим арзёбӣ намуд.

www.ombudsman.tj

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор