МУЛОҚОТИ СУДМАНДИ ВАКОЛАТДОР ОИД БА ҲУҚУҚИ ИНСОН БО ФАЪОЛОНИ НОҲИЯИ ЛАХШ
22 сентябри соли 2026 Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода ва сардори Шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқ ба баробарӣ ва озодӣ аз табъизи Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Маҷидзода Парвиз бо мақсади мулоқот бо роҳбарону масъулини мақомоти давлатӣ, намояндагони ташкилоту муассисаҳои ва аҳли ҷамоатчигии ноҳия ва ҳамзамон, қабули шаҳрвандон ба ноҳияи Лахш сафари корӣ анҷом доданд.
Мақсади асосии вохӯрӣ муаррифии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз», тавзеҳи моҳият ва аҳаммияти он, инчунин баргузории машваратҳои сайёри ҳуқуқӣ ва қабули шаҳрвандон аз ҷониби Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон мебошад.
Дар идомаи вохӯрӣ ба иштирокдорон вобаста ба муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таъмини баробарӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва роҳҳои ҳалли масъалаҳои ҳуқуқӣ маълумоти муфассал пешниҳод гардид.
Зимни сафар аз ҷониби Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон У. Бобозода дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроия ҳокимияти давлатии ноҳияи зикргардида қабули шаҳрвандон ба роҳ монда шуд.

Вохӯрии мазкурро раиси ноҳияи Лахш Холзода Каромиддин Камолиддин ифтитоҳ карда, меҳмононро ҷиҳати ташриф ба ноҳия хайрамақдам намуда мулоқоти имрӯзаро ба манфиати кор арзёбӣ намуданд.
Дар мулоқот бо аҳли ҷамоатчигии ноҳия Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Бобозода Умед, сардори Шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқ ба баробарӣ ва озодӣ аз табъиз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷидзода Парвиз иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар вохӯрии мазкур роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, кормандони соҳаи маориф, фарҳанг, тандурустӣ ҷавонон, ходимони дин, раисони маҳаллаҳо ва фаъолони ноҳия иштирок намуданд.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобозода Умед ҷиҳати моҳият ва муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз" маълумоти мушаххас доданд.



Зимни сафар аз ҷониби Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроия ҳокимияти давлатии ноҳияи зикргардида қабули шаҳрвандон ба роҳ монда шуд.

Таҳлили муроҷиатҳои шаҳрвандон нишон дод, ки аҳолӣ бештар бо масоили гуногуни ҳуқуқи инсон, аз қабили баҳсҳои оилавӣ ва тақсимоти молумулки муштарак, ҳуқуқ ба манзили истиқоматӣ, соҳибмулкӣ ба замин тибқи муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъалаи саркашӣ аз супоридани алимент, ҳуқуқ ба таҳсил, ҷудо намудани қитъаи замини деҳқонӣ, дастгирии иҷтимоии шаҳрвандон ва оилаҳои камбизоат, тартиби ҷудо намудани кӯмакҳои молиявӣ барои харидории либоси мактабӣ, барасмиятдарории ҳуҷҷатҳои қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ, таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ ва полезӣ, ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон муроҷиатҳои шифоҳӣ намуданд.
У. Бобозода таъкид намуданд, ки мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати боз ҳам тақвият бахшидан ба таъмини риоя ва ҳифзи ҳуқуқи инсон, иттилоотонӣ ва баланд бардоштани маърифатнокии ҳуқуқии аҳолӣ, инчунин муайян намудани мушкилоти аҳолӣ дар самти ҳуқуқу озодиҳои инсон тасмим гирифтааст, ки минбаъд низ вобаста ба мушкилоти рӯзмара қабули шаҳрвандон дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат ба роҳ монда, чораҳои дахлдорро роҳандозӣ намояд.
www.ombudsman.tj









