Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

September 2026
M T W T F S S
1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30

ТАШРИФИ ВАКОЛАТДОР ОИД БА ҲУҚУҚИ ИНСОН

БА НОҲИЯИ РАШТ

 

Санаи 23 сентябри соли 2026, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода ва сардори Шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқ ба баробарӣ ва озодӣ аз табъизи Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Маҷидзода Парвиз бо мақсади мулоқот бо роҳбарону масъулини мақомоти давлатӣ, намояндагони ташкилоту муассисаҳои ноҳияи Рашт ва ҳамзамон, қабули шаҳрвандон дар ноҳияи Рашт сафари корӣ анҷом доданд.

Мақсади асосии вохӯрӣ муаррифии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз», тавзеҳи моҳият ва аҳаммияти он, инчунин баргузории машваратҳои сайёри ҳуқуқӣ ва қабули шаҳрвандон аз ҷониби Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон мебошад.

  

Дар идомаи вохӯрӣ ба иштирокдорон вобаста ба муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таъмини баробарӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва роҳҳои ҳалли масъалаҳои ҳуқуқӣ маълумоти муфассал пешниҳод гардид.

Ҳамзамон, таъкид шуд, ки баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва таъмини баробарӣ дар ҷомеа яке аз самтҳои муҳимми фаъолияти мақомоти давлатӣ ба ҳисоб меравад.

Зимни сафар аз ҷониби Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон У. Бобозода дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроия ҳокимияти давлатии ноҳияи зикргардида қабули шаҳрвандон ба роҳ монда шуд.

Таҳлили муроҷиатҳои шаҳрвандон нишон дод, ки аҳолӣ бештар бо масоили гуногуни ҳуқуқи инсон, аз қабили баҳсҳои оилавӣ ва тақсимоти молумулки муштарак, ҳуқуқ ба манзили истиқоматӣ, соҳибмулкӣ ба замин тибқи муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъалаи саркашӣ аз супоридани алимент, ҳуқуқ ба таҳсил, ҷудо намудани қитъаи замини деҳқонӣ, дастгирии иҷтимоии шаҳрвандон ва оилаҳои камбизоат, тартиби ҷудо намудани кумакҳои молиявӣ барои харидории либоси мактабӣ, барасмиятдарории ҳуҷҷатҳои қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ, таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ ва полезӣ, ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон муроҷиатҳои шифоҳӣ намуданд.

Вобаста ба масъалаҳои зикргардида дар самти ҳуқуқҳои инсон дар шаҳру ноҳияи мазкур Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шахсони муроҷиаткунанда машварат ва тавсияҳои ҳуқуқӣ доданд. Боиси қайд аст, ки бархе аз муроҷиатҳои шаҳрвандон дар ҳузури роҳбарони аввали мақомоту сохторҳои дахлдори ноҳия ҳалли мусбии худро ёфтанд.

Инчунин, У. Бобозода таъкид намуданд, ки мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати боз ҳам тақвият бахшидан ба таъмини риоя ва ҳифзи ҳуқуқи инсон, иттилоотонӣ ва баланд бардоштани маърифатнокии ҳуқуқии аҳолӣ, инчунин муайян намудани мушкилоти аҳолӣ дар самти ҳуқуқу озодиҳои инсон тасмим гирифтааст, ки минбаъд низ вобаста ба мушкилоти рӯзмара қабули шаҳрвандон дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат ба роҳ монда, чораҳои дахлдорро роҳандозӣ намояд.

www.ombudsman.tj

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор