Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

September 2026
M T W T F S S
1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30

 


Тибқи Барномаи амали мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 18 сентябри соли 2026 дар толори бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд мизи мудаввар дар мавзуи “Сиёсати давлаӣ дар самти риояи ҳуқуқи маъюбон ва амалишавии Конвенсия дар бораи ҳуқуқи маъюбон” баргузор гардид. Дар баргузории мизи мудаввар роҳбарон ва намояндагони сохторҳои масъули  ҳифзи иҷтимоӣ, аз ҷумла мудири бахши ҳифзи иҷтимоии МИҲД шаҳри Хуҷанд, Директори маркази хизматрасонии иҷтимоӣ, сардори бахши байниноҳиявии Хадамоти тиббию иҷтимоии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи кор бо занон ва оилаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоқикистон ва дигар намояндаҳои сохторҳои масъули соҳа ширкат варзиданд.

Дар оғози мизи мудаввар аз ҷониби сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои иҷтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоқикистон қайд гардид, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибат нисбат ба маъюбон дар асоси принсипҳои қонуният, риояи ҳуқуқи инсон, баробарҳуқуқӣ, манъи табъиз, таъмини дастрасӣ, тавонбахшӣ ва ҳамкориҳои мақомоти давлатӣ ва иттиҳодияҳои маъюбон амалӣ карда мешавад.

Инчунин, ба саҳми иштирочиёни мизи мудаввар расонида шуд, ки Ҳукумати мамлакат пайваста ҷиҳати тақвият бахшидани ҳуқуқҳои маъюбон, тағйир додани муносибат нисбати онҳо ва бартарафсозии мушкилоти онҳо тадбирҳои судманд меандешад.

Қайд карда шуд, ки ҳифзи иҷтимоии маъюбон дар асоси қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои  ҳуқуқии байналмилалии эътирофгардидаи кишвар дар  ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ амалӣ карда  мешавад.

Ҳамчунин, дар ҷараёни баргузории мизи мудаввар аз ҷониби иштирокчиён ҷиҳати минбаъд  иҷро ва амалишавии талаботи Конвенсия дар бораи ҳуқуқи маъюбон пешниҳодҳои муфид баён гардида, қайд карда шуд, ки баъд аз қабул гардидани Конвенсия масъулияти кормандони соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ бештар шуда, назорати иҷро ва корбарии касбӣ дар ин самт зиёд мегардад.

www.ombudsman.tj

 

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор