Мизи мудаввар бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон
Санаи 16 ноябри соли 2026 дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар баргузор гардид.

Сараввал Муқимӣ Нигора Аминзода – Муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони мақомот ва дар симои онҳо кулли мардуми Тоҷикистонро бо ин рӯзи таърихӣ таҳният намуда, оид ба аҳамияти бузурги сиёсию ҳуқуқии ин ҷашн ва нақши тақдирсози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳёи давлатдории навини тоҷикон, таъмини сулҳу субот ва таҳкими арзишҳои ҳуқуқи инсон суханронӣ намуданд. Зикр гардид, ки сиёсати инсондӯстона ва хирадмандонаи Сарвари давлат барои рушди устувори кишвар ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон заминаи боэътимод фароҳам овардааст.

Инчунин, дар мизи мудаввар кормандони мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯъҳои «Саҳми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими давлатдорӣ, рушди иқтисоди миллӣ, дастгирии соҳибкорӣ ва ташаккули низоми муосири бонкӣ», «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Ҷашни бузурги давлатдории миллии тоҷикон» ва «Нақши Президент дар ташаккули ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» маърӯзаҳои пурмуҳтаво намуданд.

Ҳамзамон, аз ҷониби иштирокчиён вобаста ба мавзӯъҳои баромадкунандагон ва таъсири ин рӯзи хотирмон ба ҳаёту рӯзгори мардуми Тоҷикистон муҳокимаронӣ ва табодули афкор сурат гирифт. Иштирокчиён таъкид доштанд, ки омӯзиши мактаби давлатдории Пешвои миллат барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва ҳисси ватандӯстии кормандон аҳамияти хосса дорад.

Дар фарҷоми чорабинӣ зикр гардид, ки кормандони мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон минбаъд низ бо пайравӣ аз сиёсати бунёдкоронаи Сарвари давлат барои таъмини волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин ҳимояи манфиатҳои кӯдакон саъю талоши бештар хоҳанд кард.









