Санаҳои 16 ва 17 ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Маскави Федератсияи Русия ҷаласаи 11-уми Алянси Авруосиёии омбудсменҳо (Ваколатдорон оид ба ҳуқуқи инсон) баргузор гардид, ки дар кори он Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода иштирок ва суханронӣ намуд.

Умед Бобозода дар ду мавзӯъ – «Ҳифзи ҳуқуқҳои ҷавонон дар шабакаҳои интернетӣ» ва «Ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар хориҷи кишвар иқомат доранд» маърӯза намуд. Зимни баромади худ Умед Бобозода аз дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самтҳои рақамикунонии босуръати соҳаҳои гуногун, қабули санадҳои муҳими стратегӣ дар ҷодаи ҳифзи ҳуқуқи инсон, масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ ва дигар масоили мубрам ёдовар шуда, оид ба таҳкими ҳамкорӣ дар ин самтҳо пешниҳодҳои муфид манзур намуд.
Дар ҷараёни ҷаласа инчунин масъалаи узвияти Ҷумҳурии Ироқ ва Ҷумҳурии Исломии Покистон ба Алянс мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар ҳошияи ҷаласаи сатҳи баланд Умед Бобозода бо роҳбарони ниҳодҳои миллии ҳифзи ҳуқуқи инсони Федератсияи Русия, Малайзия, Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Қирғизистон вохӯриҳои дуҷониба анҷом дод. Зимни мулоқотҳо дурнамои ҳамкории дуҷониба ва ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандон баррасӣ гардид.

Ёдовар мешавем, ки Мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2019 узви комилҳуқуқи Алянси Авруосиёии омбудсменҳо буда, ҳамасола дар ҷаласаҳо ва чорабиниҳои он фаъолона иштирок мекунад.









