Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

January 2023
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31

Тибқи дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 апрели соли 2021, № 32/10-258 дар асоси дархости Намояндагии Ислоҳоти байналмилалии зиндонҳо дар Осиёи Марказӣ ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Қазоқистон рӯзҳои 18-21 майи соли 2021 кормандони мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, дар умум 10 нафар тариқи маҷозӣ дар семинари омӯзишӣ барои намояндагони ниҳоди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки дар осоишгоҳи Алмосӣ баргузор гардид, иштирок намуданд.

Семинари мазкур дар доираи Алянси Авру Осиёгии Омбудсменҳо баргузор гардид.

Семинар аз ҷониби тренерон Виктор Захария - коршиноси байналмилалӣ, Юлия Вослава - коршиноси миллӣ аз шаҳри Бишкек, Таҳмина Ҷураева - коршиноси миллӣ аз шаҳри Душанбе, А. Жанабилова директори Фонди ҷамъиятии «Маркази мониторинги ҳуқуқи инсон» аз вилояти Тошканд, А. Койлубаева - раиси Раёсати Фонди ҷамъиятии «Ҳуқуқшинос барои ҳуқуқи инсон» аз вилояти Тошканд гузаронида шуданд.

Рӯзи якуми семинар бо суханони ифтитоҳии Азимова Элвира – Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Қазоқистон, Эшматова Феруза - Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Маҷли Олии Ҷумҳурии Узбекистон, Ҷамгирчиева Г. - муовини Омбудсмени Ҷумҳурии Қирғизистон, Ашуров М. - корманди Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигарон оғоз гардид.

Дар семинар масъалаҳои мафҳум, принсипҳо ва вазифаҳои ҳуқуқи инсон ва волоияти ҳуқуқ, Қоидаҳои стандартии минималии Созмони Милали Муттаҳид оид ба муносибат бо маҳкумшудагон (Қоидаҳои Нелсон Мандел), таъмини ҳуқуқи шахс дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ, фарҳанги институтсионалӣ дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ, мафҳум ва намудҳои категорияҳои гурӯҳҳои осебпазири маҳкумшудагон, асосҳои ҳуқуқии кор бо ноболиғон дар муассисаҳои пӯшида, хусусиятҳои хоси кор бо гурӯҳҳои осебпазири маҳкумшудагон, таъмини ҳуқуқи шахс дар доираи қонунгузории миллӣ ва стандартҳои байналмилалӣ, масъалаҳои азназаргузаронии шахсӣ, нигоҳдорӣ дар тавқифгоҳҳои тафтишотӣ, шароити кори ҳайати шахсӣ, сабти видеоӣ ҳангоми нигоҳ доштан дар тавқифгоҳ, идоракунии ҳодисаю воқеаҳои ногувор ва тафтишоти мустақил, ҳуқуқи инсон ва пешгирии шиканҷа ва дигар муносибатҳои бераҳмона,  мафҳум ва истифодаи шартан пеш аз муҳлат озод намудан аз ҷазо (пробатсия), бехатарӣ дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ, тавонбахшии маҳкумшудагон ва дигарҳо мавриди муаррифӣ ва муҳокима қарор дода шуданд.

Бояд қайд кард, ки семинари мазкур барои кормандони Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва роҳбарони Намояндагиҳои он ҷиҳати густариш додани малакаи касбӣ дар самти амалисозии мониторинги мустақил нақши муҳим бозида, ба беҳтар шудани сатҳу сифати мониторингҳои гузаронидашаванда мусоидат менамояд ва донишу таҷрибаи бадастомада дар рафти гузаронидани мониторингҳои минбаъда истифода мешаванд.

Хадамоти матбуотии ВҲИ ҶТ

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор