Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

March 2024
M T W T F S S
1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

8 июли соли 2021 дар мақомоти  Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон вобаста ба натиҷаҳои фаъолияти мақомот дар нимсолаи якуми соли  2021 маҷлиси ҷамъбастӣ баргузор  гардид.

Дар маҷлис Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон У. Бобозода, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - сардори Раёсати кафолатҳои ҳуқуқи инсони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Сатторзода, муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Бобоҷонзода, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва кормандони мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон иштирок намуданд.

Нахуст У. Бобозода - Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон оид ба натиҷаҳои фаъолияти мақомот дар ин давра сухан ронда, қайд намуд, ки нишондиҳандаҳои фаъолияти мақомот дар муқоиса ба нимсолаи якуми  соли 2020 беҳтар гардидааст. Чунин раванд бояд идома дода шуда, дар самти амалисозии нақшаҳои дар мақомот амалишаванда чораандешӣ карда шавад.

Сипас  М. Бобоҷонзода - муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба натиҷаҳои фаъолият дар самти ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак баромад намуд.

 Ҳамчунин аз рӯи барнома ҳисоботи роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомот дар масъалаи қабул ва баррасии муроҷиатҳо, муросилоти аз дигар мақомот воридгардида, баррасии лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, иштироки кормандон  дар гурӯҳҳои корӣ, иштирок дар семинару конференсия ва мизҳои мудаввар, гузаронидани мониторингу санҷишҳо, баромад дар ВАО ва дигар масъалаҳо шунида шуд.

Намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - сардори Раёсати кафолатҳои ҳуқуқи инсони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Сатторзода низ суханронӣ намуда, фикру мулоҳизаҳои худро вобаста ба фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон иброз намуд.

Дар интиҳои маҷлис  фаъолияти  воҳидҳои  сохтории  мақомот ва кормандони он  мавриди таҳлил ва муҳокима  қарор гирифта, аз ҷониби роҳбарият  ҷиҳати тақвият додани корҳо ва иҷрои пурраи Барномаи амали мақомот барои  соли 2021 дастурҳои  мушаххас дода шуд.

 Хадамоти матбуотии  ВҲИ ҶТ

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор