Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

October 2024
M T W T F S S
1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31

Тибқи Барномаи амали мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон рузҳои 22-23 июли соли 2021 кормандони Шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои иқтисодӣ иҷтимоӣ ва фарҳангии мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ноҳияи Рӯшони ВМКБ мониторинги дастрасии шахсони маъюб ба биноҳои инфрасохториро гузарониданд.

Натиҷаи мониторинг нишон дод, ки дар ҳудуди ноҳияи Рӯшон аксарияти биноҳо солҳои пеш сохта шуда, дастрасии маъюбон ба назар гирифта нашудааст. Дар биноҳои навсохт дастрасии маъюбон ба инобат гирифта шудааст. Бинобар ин, аз ҷониби кормандони мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба шахсони масъули Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯшон оид ба бартараф намудани монеагиҳо барои дастрасии шахсони маъюб ба биноҳои инфрасохтории тавсияҳо пешниҳод карда шуд.

Ҳамзамон вохӯрӣ бо фаъолон ва намояндагони мақомоти дар ҳудуди ноҳияи Рӯшон буда дар мавзӯҳои санадҳои миллӣ ва байналмилалӣ вобаста ба ҳуқуқи маъюбон,  баробарии гендерӣ ва пешгирии зӯроварӣ дар оила баргузор гардида, кормандони мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар мавзӯҳои зикргардида баромад намуданд. Аз ҷониби иштирокчиён саволҳо дар масъалаи таъмин гардидани маъюбон ба имтиёзҳо, нафақаи маъюбӣ, ба таҳсил фаро гирифтани маъюбон, маскункунии оилаҳои ҷудо гардида, ҷудо намудани алимент, тақсимоти молу мулк ва дигар саволҳо пешниҳод гардид, аз ҷониби кормандони мақомот ба саволҳои додашуда ҷавобҳои мушаххас дода шуд.   

Ҳамин тариқ, иштирокчиён пешниҳод намуданд, ки чунин вохӯриҳо дар масъалаҳои ҳуқуқӣ аз ҷониби кормандони мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бисёр гузаронида шавад, зеро ин ба манфиати фаъолон ва кормандони мақомоти дар ҳудуди шаҳр фаъолияткунанда мебошад.   

Хадамоти матбуотии ВХИ ҶТ

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор