Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

April 2024
M T W T F S S
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30

Санаи 20 августи соли ҷорӣ, бо ташаббуси мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар асоси дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  №32/10-2111 аз 15.07.2021 дар толори Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи “Рушди ҳуқуқи инсон дар 30 соли Истиқлолияти давлатӣ” баргузор гардид.

Чорабиниро Умед Бобозода — Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон  ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро бо ин санаи муборак, муҳим ва таърихӣ самимона табрик намуд. Зимни суханронӣ У. Бобозода аз паҳлуҳои таърихӣ, сиёсӣ ва ҳуқуқии Истиқлолияти давлатӣ, дастовардҳои Тоҷикистон дар самти ҳуқуқу озодиҳои инсон ва тақвияти сулҳу суботи ҷомеа, ёддовар шуд. Истиқлолият ва мавҷудияти аркони давлатдорӣ ба Тоҷикистон имкон дод то дар арсаи байналмилалӣ эътироф гардад ва ташаббусҳои Роҳбари давлат дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифта, ҳамовозию дастгирӣ ёбанд.

Сипас иштирокчиёни чорабинӣ оид ба ин санаи муҳим суханронӣ намуда, аз таърихи ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ, мушкилиҳо ва дастовардҳои он ёдовар шуданд. Истиқлолияти давлатӣ соҳибихтиёрии давлатро дар дохил ва мустақилияти онро дар муносибатҳои беруна – байнидавлатӣ ва байналмилалӣ ифода мекунад. Қайд гардид, ки дар таҳкими минбаъдаи Истиқлолият ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол нақши Асосгузори сулҳу ваҳлати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беназир мебошад.

Аз ҷумла тибқи рӯзномаи конференсия Орзузода Фирӯз - муовини Сардори Раёсати кафолатҳои ҳуқуқии инсони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мавлудахон Зайни – Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пратибҳа Меҳта – Роҳбари Барномаи Рушди СММ дар Тоҷикистон, Осама Макавӣ – Роҳбари Намояндагии Хазинаи кудакони СММ дар Тоҷикистон ва намояндагони як қаттор вазорату идораҳои дигари ҷумҳурӣ ва ниҳодҳои минтақавию байналмилалӣ бо мавзӯъҳои мушаххаси марбут ба масъалаи рушди ҳуқуқи инсон дар даврони Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон баромад намуданд. Қайд карда шуд, ки ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ дар Тоҷикистон низоми комили ҳифзи ҳуқуқи инсон ташкил карда шуда аст. Дар сатҳи Конститутсия муқаррар карда шуд, ки инсон, ҳуқуқу озодиҳои ӯ ба сифати арзиши олӣ эътироф шуданд. Давлат ҳуқуқ ба озодӣ ва дахлнопазирии шахс, озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор, ҳуқуқи муттаҳид шудан дар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва иттифоқҳои касаба, ҳуқуқ ба таҳсил, ҳуқуқ ба манзил, ҳуқуқ ба ҳифзи иҷтимоӣ ва ғайраро кафолат медиҳад.

Илова ба аҳамияти дохилӣ, истиқлолияти давлатӣ ҳамчунон аҳамияти муҳими байналмилалӣ низ дорад. Халқи Тоҷикистон ҳамчун қисми ҷудонопазир ва комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳон, бо шарофтаи истиқлолияти давлатӣ дар қатори зиёда аз 190 давлати дунё мақоми худро касб кард ва миллати куҳанбунёду тамаддунофари тоҷик ба воситаи давлати худ ба ҷаҳониён муаррифӣ гардид. Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон узви комилҳуқуқи созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла, Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони конфронси исломӣ, Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ, Иттиҳоди давлатҳои мустақил, Созмони ҳамкориҳои Шанхай ва дигарҳо мебошад.

Тоҷикистон аз ибтидои солҳои соҳибистиқлолӣ бо назардошти манфиатҳои халқаш ва эҳтироми ҳуқуқи байналмилалӣ, марҳила ба марҳила санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқии байналмилалиро ба имзо расонд ва қонунгузории худро ба он мутобиқ намуд.

Сипас иштирокчиёни конференсияи ҷумҳуриявӣ оид ба мазмун ва муҳтавои маърӯзаҳои ироашуда, мулоҳизаронӣ намуданд.

Дар охир У.Бобозода ҳозиринро бо ин санаи муҳими таърихӣ табрик ва таҳният гуфта, онҳоро ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, худшиносии миллӣ, қадршиносӣ аз сулҳу субот ва кушиш намудан баҳри тинҷиву амонии кишвари азизамон — Тоҷикистон даъват намуданд.

Хадамоти матбуотии ВҲИ ҶТ

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор