Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

July 2024
M T W T F S S
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 31

Тибқи Барномаи амали мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон рузҳои 25-26 августи соли 2021 кормандони Шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои иқтисодӣ иҷтимоӣ ва фарҳангии мақомоти   Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ноҳияи Тоҷикобод мониторинги  дастрасии шахсони маъюб ба биноҳои инфрасохториро гузарониданд.
Натиҷаи мониторинг нишон дод, ки дар ҳудуди ноҳияи Тоҷикобод қисме аз биноҳо солҳои пеш сохта шуда қисме аз биноҳо навсохт мебошанд. Вале мутаассифона, дастрасии маъюбон ба биноҳо ба назар гирифта нашудааст. Бинобар ин, аз ҷониби кормандони мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба шахсони масъули Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод оид ба бартараф намудани камбудиҳо барои дастрасии шахсони маъюб ба биноҳои инфрасохторӣ тавсияҳо пешниҳод карда шуд.
Ҳамзамон кормандони мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо фаъолон ва намояндагони мақомоти давлатии дар ҳудуди ноҳияи Тоҷикобод буда дар мавзӯҳои санадҳои миллӣ ва байналмилалӣ вобаста ба ҳуқуқи маъюбон,  баробарии гендерӣ ва пешгирии зӯроварӣ дар оила чорабинии иттилоотӣ баргузор намуданда. Зимни чорабинӣ ба масъалаҳои таъмин гардидани маъюбон ба имтиёзҳо, нафақаи маъюбӣ, ба таҳсил фаро гирифтани маъюбон, маскункунии оилаҳои ҷудо гардида, ҷудо намудани алимент, тақсимоти молу мулк диққати махсус дода шуд.
Ҳамин тариқ, иштирокчиён пешниҳод намуданд, ки чунин вохӯриҳо дар масъалаҳои ҳуқуқӣ аз ҷониби кормандони мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бештар гузаронида шавад, зеро ин ба манфиати кор буда барои баланд бардоштани малака ва дониши ҳуқуқии кормандон мусоидат менамояд.   
Хадамоти матбуотии ВҲИ

 

 

 

 

 

 

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор