Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

April 2024
M T W T F S S
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30

Бо супориши Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 2 ноябри соли 2021 аз ҷониби кормандони Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон вобаста ба маводи нашршуда дар ВАО оид ба заҳролудшавии маҳкумшудагон дар Муассисаи ислоҳии ЯС3/1-и СРИҶҶ Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санҷиш гузаронида шуд.

Сараввал вобаста ба маводи нашршуда бо Сардори Муассисаи ислоҳии ЯС3/1 - и СРИҶҶ Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Турсунов Бахтиёр суҳбат гузаронида шуд. Дар рафти суҳбат ӯ иброз намудааст, ки ин хабар асоси воқеӣ надорад. Инчунин, ӯ ба кормандони мақомоти Ваколатдор маълумотномаи Муассисаи давлатии “Маркази экспертизаи санитарию эпидемиологӣ ва назорат дар нақлиёту сарҳадот”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз 20 августи соли 2021, таҳти №57 аз пешниҳод намудааст ва дар он омадааст, ки “Намунаи оби озмоишшуда аз рӯи натиҷаи нишондодҳои физикию кимиёвӣ ва органолептикӣ ба талаботи ҚМС 2.1.4.004-07 ҷавобгӯ мебошад”.

Баъдан, бо маҳкумшудагон вобаста ба маводи нашршуда суҳбат гузаронида, маълум шудааст, ки дар қисми тиббӣ ҳамагӣ 15 нафар бемор табобат гирифта истодаанд. Дар рафти суҳбат маҳкумшудагон Сайфуллозода Ҳ., Мезанков В., Сангов Б., Тағоймуродов Ф., Абдуллоев Р., Ғаниев Ғ. ва Аёмбеков О. иброз намудаанд, ки оби нӯшокии муассиса хуб мебошад, аммо дар хусуси заҳролудшавӣ якумин маротиба воқиф шудаанд.

Ҳамчунин, натиҷаи суҳбат бо маҳкумшудагон Шокиров Ҳ. ва Очилдиев А., ки ба сифати табиб дар муассисаи мазкур фаъолият менамоянд, нишон дод, ки ин хабарҳо асоси воқеӣ надоранд ва ягон нафар аз заҳролӯдшавии об дар қисми тиббӣ бистарӣ нашудааст. Инчунин онҳо иброз намуданд, ки дар байни маҳкумшудагон нафароне ҳастанд, ки ҳар гуна овозаҳои иғвоангезро паҳн менамоянд.

Хотиррасон менамоем, ки намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ аз Омбудсмени тоҷик хостанд, ки вобаста ба қазияи 40 нафар зиндониёни заҳролудшуда дар Муассисаи ислоҳии ЯС3/1 - и СРИҶҶ Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон расидагӣ кунанд.

Хадамоти матбуотии ВҲИ

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор