Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

July 2024
M T W T F S S
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 31

Санаи 5 ноябри соли 2021  дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо иштироки роҳбарият ва кормандони мақомот ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  мизи мудаввар баргузор гардид.

Чорабиниро Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон У.Бобозода оғоз намуда, ҳозиринро ба муносибати Рўзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош гуфтанд.  

 Қайд гардид,  ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони истиқлолият ба як қаттор комёбиҳои назаррас ноил гардидааст. Яке аз ин комёбиҳо қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки дар ҳалли вазифаҳои муҳими дар назди давлат истода мусоидат намуд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳуқуқу озодиҳои инсонро арзиши олӣ эътироф намудааст, 6 ноябри соли 1994 аз тариқи райъпурсии умумихалқӣ қабул шудааст.

Иштирокчиён зимни баромадҳои худ қайд намуданд, ки  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асосҳои сохтори давлатӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ ва вазъи ҳуқуқии шахсро инъикос намуда, барои рушди босуботи кишвар замина эҷод менамояд. Волоияти Конститутсия яке аз рукнҳои асосӣ ва муҳим ба шумор меравад. Конститутсия эътибори олии ҳуқуқӣ дошта, меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд. 

Бо қабул гардидани Конститутсия дар Тоҷикистони соҳибистиқлол давраи наве дар ҷодаи эътирофи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон оғоз шуд.  Дар ин росто, дар самти қонунгузорӣ ҳолати нав оид ба муносибати давлат ба инсон ва шаҳрванд ба вуҷуд омад.

 

Хадамоти матбуотии ВҲИ

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор