Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

June 2024
M T W T F S S
1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30

Ҷаҳони мутамаддин ҳамасола 20 ноябрро ҳамчун Рӯзи байналмилалии кӯдак таҷлил менамояд ва дар ин радиф чорабиниҳои гуногуни сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ баргузор мешаванд.

Яке аз чунин чорабиниҳои сатҳи баланд, ки соли ҷорӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии кӯдак ва 75-солагии таъсисёбии Хазинаи кӯдакони СММ баргузор гардид, Анҷумани байналмилалӣ мебошад, ки  ба таври фосилавӣ рӯзи 19 ноябри соли 2021 дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон ташкил ва гузаронида шуд.

 Анҷумани мазкур бо ибтикори Бунёди ҷамъиятии байналмилалии “Замин” (Ҷумҳурии Узбекистон) ва Хазинаи кӯдакони Созмони Милали  Муттаҳид  амалӣ  карда шуда, дар кори он намояндагон аз 20 давлати ҷаҳон ва зиёда аз 140 созмону ташкилотҳои миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ иштирок намуданд.

Аз ҷумла, бо даъвати Сафорати Ҷумҳурии Узбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи дастури Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Сатториён М. А. ва бо супориши Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам У. Бобозода сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдаки Дастгоҳи ВҲИ ҶТ А. Содиқов дар Анҷумани мазкур иштирок намуд.

Дар чорабинии мазкур масъалаҳои беҳтар кардани шароити зист ва фароҳам овардани муҳити фарогир барои кӯдакони дорои маъюбият, такмили фаъолияти муассисаҳои миллии таълимӣ барои кӯдакони маъюб, инчунин рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт мавриди баррасии коршиносон қарор гирифтанд.

Зимни баргузории Анҷуман дар байни иштирокдорон табодули таҷрибаи пешқадам дар самти ҳимоя ва пешбурди ҳуқуқу озодиҳои кӯдакони дорои маъюбият сурат гирифт. Коршиносон дастовардҳои Ҷумҳурии Узбекистон, аз ҷумла қабули Қонун “Дар бораи ҳуқуқи маъюбон” ва ба тасвибрасонии Конвенсияи СММ дар бораи ҳуқуқи маъюбонро қайд намуда, ҷиҳати пешбурди минбаъдаи ҳуқуқи кӯдакони дорои маъюбият дар сатҳи миллӣ ва тақвият додани ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт тавсияҳои дахлдор пешниҳод намуданд.

Хадамоти матбуотии ВҲИ                                                                                                                                          

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор