Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

June 2024
M T W T F S S
1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30

Имрӯз, дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо иштироки роҳбарият ва кормандони мақомот ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар баргузор гардид.

Чорабиниро муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон  — Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак Бобоҷонзода М. оғоз намуда, ҳозиринро ба муносибати ин санаи муҳими давлатдории навин шодбош гуфтанд.  Иброз гардид, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2009 аз ҷониби парламенти кишвар ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» тағйирот ворид карда шуд.  Дар иртибот ба ин сана 24 ноябр ҳамасола дар кишвар Рӯзи Парчами давлатӣ таҷлил карда мешавад.

Мақсад аз расмӣ намудани таҷлили чунин як ҷашнвораи давлатиро метавон нишонаи эҳтиром гузоштан ба Парчами миллӣ, ҳамчун муқаддасот ва рамзи соҳибистиқлолии кишвар унвон кард. 

Арҷ гузоштан ба Парчам ин нишонаи эҳтиром доштан ба халқи Тоҷикистон, давлату давлатдорӣ, фарҳангу маънавиёт, ватандорию ватандӯстӣ буда, нақши Парчам дар ҳаёти ҳар як давлат бузург буда, он ифодагари мустақилият ва соҳибихтиёрии давлат мебошад. 

Дар мизи мудаввар Мирзоев Ҳ. – сармутахассиси шуъбаи ташкилӣ, иттилоотӣ ва таҳлилии Дастгоҳи Ваколатдор оид баҳуқуқи инсон дар мавзӯи « Парчами  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон- рамзи соҳибистиқлолии кишвар» маърӯза намуд. Дар маърӯза аз таърихи парчаму парчамдории тоҷикон, санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ оид ба Парчами давлатии Тоҷикистон ва ҷавобгарӣ барои беэҳтиромӣ нисбати Парчам маълумот дода шуд. 

Дар ҷамъбасти чорабинӣ муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон  — Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак Бобоҷонзода М. бори дигар ҳозиринро ба муносибати ҷашни Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош гуфта, зикр сохт, ки эҳтироми волои Парчам  ин вазифаи ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. 

Хадамоти матбуотии ВҲИ ҶТ

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор