Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

October 2024
M T W T F S S
1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31

Дар доираи силсилачорабиниҳои мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори Ҳафтаи ҳуқуқи инсон рӯзи 7 декабри соли ҷорӣ дар меҳмонхонаи “Hyatt Regency”-и шаҳри Душанбе мизи мудаввари баргузор гардид.

Дар чорабинӣ Муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон - Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Бобоҷонзода, кормандони Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Хазинаи кӯдакони СММ дар Тоҷикистон, вазорату идораҳои дахлдор, раисон ва котибони комиссияҳои маҳаллии ҳуқуқи кӯдак ва сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок намуданд.

Аз ҷониби М. Бобоҷонзода зимни сухани ифтитоҳӣ оид ба дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 30 соли Истиқлолияти давлатӣ ҷиҳати ҳифз ва пешбурди ҳуқуқу озодиҳои кӯдак, амалисозии як қатор консепсияву стратегияҳо ва барномаҳои давлатӣ маълумоти мухтасар пешниҳод карда шуд.

 Аз ҷумла, қайд карда шуд, ки ҷиҳати ҳифз ва пешбурди ҳуқуқи кӯдак мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориҳои судмандро бо мақомоти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалӣ роҳандозӣ намуда, дар ин раванд як қатор корҳоро ба анҷом расонид. Аз ҷумла, Стратегияи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020 муваффақона анҷом дода шуда, амалисозии Стратегияи нави  мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 роҳандозӣ карда шуд.

Сипас натиҷаҳои сафарҳои кории муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мониторинги фаъолияти муассисаҳои кўдакона дар шаҳру ноҳияҳои алоҳидаи ҷумҳурӣ  мавриди баррасӣ ва муҳокимаи иштирокчиён қарор гирифтанд.

Дар анҷоми мизи мудаввар аз натиҷаи муҳокимаҳо ва таклифу пешниҳодҳои иштирокчиён тавсияҳои асоснок таҳия ва бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани раванди ҳимоя, эҳтиром ва пешбурди ҳуқуқу озодиҳои кӯдак ба вазорату идораҳои дахлдор пешниҳод карда шуданд.

Хадамоти матбуотии

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор