Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

January 2023
M T W T F S S
1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31

7 декабри соли равон бо ташаббуси Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба “Ҳафтаи ҳуқуқи инсон” дар меҳмонхонаи “Hyatt Regency Dyshanbе” мизи мудаввар дар мавзўи “Ҳимояи ҳуқуқи гурезаҳо ва шахсони паноҳҷўянда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид.

Чорабинӣ дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии «Инсон ва Адолат» роҳандозӣ гардида, дар он роҳбарият ва кормандони Дастгоҳи мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва намояндагони Ташкилоти ҷамъиятии «Инсон ва Адолат», инчунин, намояндагони як қатор мақомотҳои давлатӣ ва ниҳодҳои дигари марбута иштирок намуданд.

Дар ифтитоҳи чорабинӣ Умед Бобозода - Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқи ҳуқуқи гурезаҳоро яке аз шартҳо ва меъёрҳои асосии фаъолияти давлати ҳуқуқбунёд арзёбӣ намуда,  дар ин росто, аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати демократию ҳуқуқбунёд ва узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба тасвиб расонида шудани якчанд санадҳои муҳими байналмилалиро қайд намуд. Ҳамчунин, зикр гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт Конвенсияи соли 1951 Созмони Милали Муттаҳид “Дар бораи мақоми гурезаҳо” ва Протоколи соли 1967 марбут ба мақоми гурезаҳоро ба тасвиб расонидааст, ки қисми таркибии низоми ҳуқуқии ҷумҳуриро ташкил дода, дар ин замина шароити зарурии ҳимояи ҳуқуқи  гурезаҳо ва шахсони паноҳҷўяндаро дар Тоҷикистон муҳайё шудааст.

Баъдан, Сангов Т. – сармутахассиси шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои сиёсӣ ва шаҳрвандии Дастгоҳи  Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, Давлатшоев Ш. - Роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии «Инсон ва Адолат», Қодиркулов Х. - ҳуқуқшинос – таҳлилгар ва дигар иштирокчиёни чорабинии мазкур доир ба масоили ҳимояи ҳуқуқи гурезаҳо мувофиқи қонунгузории миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастрасӣ ба паноҳгоҳ ва мушкилотҳои марбут ба ҳуқуқи шахсони паноҳҷўянда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муаррифии тафсири Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи гурезаҳо” бо маърўзаҳо баромад намуда, доир ба мушкилот, дурнамо ва дигар паҳлуҳои мубрами масъалаи мазкур ибрози назар намуданд.

Дар раванди баргузории мизи мудаввар иштирокчиён оид ба масоили мавриди матраҳ карордодашуда  мулоҳизаронӣ намуда, андешаҳои худро баён доштанд.

Дар  интиҳо, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Умед Бобозода тақвияти ҳамкориҳои судманд бо Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати корҳои хориҷӣ ва дигар мақомоти дахлдори давлатиро дар самти мазкур таъкид намуд.

Хадамоти матбуотии ВҲИ ҶТ

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор