Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

October 2024
M T W T F S S
1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31

Санаи 8 декабри соли 2021 У. Бобозода Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Форум оид ба ҳуқуқи инсон Ҷануб-Ҷануб 2021, ки аз ҷониби Идораи иттилооти Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин дар якҷоягӣ бо Вазорати корҳои хориҷии Чин даъват ба амал оварда шуда буд, иштирок намуданд.

Ҷаласаи мазкур дар шакли маҷозӣ бо се забон – забонҳои англисӣ, фаронсавӣ ва чинӣ сурат гирифта, дар кори он Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо маърӯза баромад намуданд.

Дар чорабинии мазкур намояндагони мақомотҳои давлатии зиёда аз 100 кишварҳои мухталифи ҷаҳон ширкат доштанд.

Мавзӯи онлайн-ҷаласа аз ду қисмат иборат буда, қисмати аввал дар шакли пленарӣ ба суханрониҳои шахсони олимақоми ҳокимияти давлатии Чин ва қисмати дуввум дар шакли мувозӣ ба маърӯзаҳои намояндагони мақомотҳои давлатии кишварҳои даъватшуда бахшида шуда буд.

Зимни суханронӣ У. Бобозода вобаста ба раванди пешбурд ва таъмини ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон таҳти сиёсати инсондӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфта гузашта, қайд карданд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмини ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва манфиатҳои арзишии он зери ҳимояи қонунгузории кишвар буда, Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои барзиёди хуқуқии байналмилалиро дар самти ҳуқуқи инсон ба имзо расонидааст ва ҷиҳати иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалӣ саюъ талош намуда истодааст.

Маврид ба қайд аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бисёре аз ӯҳдадориҳои байналмилалии самти ҳуқуқу озодиҳои инсонро ҳамаҷониба иҷро намуда, амалишавии онҳоро таъмин менамояд.  

Хадамоти матбуотии ВҲИ

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор