Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

October 2024
M T W T F S S
1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31

Санаи 10 декабри соли 2021 У. Бобозода Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалӣ дар мавзӯи “Таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон: амалияи байналмилалӣ ва миллӣ”, ки аз ҷониби Маркази миллии Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳуқуқи инсон баргузор гардид, иштирок ва бо маърӯзаи худ дар мавзӯи “Амалисозии Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи пандемияи Covid-19” баромад намуданд.

Ҷаласаи мазкур дар шакли маҷозӣ сурат гирифта, дар кори он Ваколатдорон  оид ба ҳуқуқи инсони кишварҳои хориҷи дуру наздик, намояндагони мақомотҳои давлатии ин кишварҳо, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ширкат дошта, ҳамчунин бо маърӯзаҳо баромад намуданд.

Тибқи барнома ҷаласа барои ду рӯз ташкил карда шуда, дар рӯзи аввал, яъне санаи 10 декабр Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон У. Бобозода баромад намуда, қайд карданд, ки  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои инсонро арзиши олӣ эълон намуда, кафолат медиҳад, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аз ҷониби давлат эътироф, риоя ва ҳифз мешаванд. Ҳукумати ҷумҳурӣ таҳти сиёсати инсонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати амалисозии кафолатҳои конститутсионии ҳимояи давлатии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд пайваста тадбирҳои мушаххас меандешад.

Ҳамзамон иброз карда шуд, ки бо мақсади тақвият додани амалисозии кафолатҳои зикршуда ва иҷрои муваффақона ва самараноки вазифаҳои мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2012 аввалин лоиҳаи Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2013-2020-ро таҳия ва аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Қобили зикр аст, ки Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2013-2020 бо дарназардошти принсипҳо ва мақсаду вазифаҳои марҳилаи дуюми Барномаи умумиҷаҳонии таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон (барои солҳои 2010-2014) қабул шуда, дар миқёси давлатҳои Осиёи Марказӣ ягона мебошад ва амалисозии муваффақонаи он мавқеи Тоҷикистонро ҳамчун давлати ҳуқуқбунёд боз ҳам қавитар менамояд, қайд карданд У. Бобозода.

Ҳамин тариқ, бинобар ба анҷом расидани амалисозии Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2013-2020 бо дарназардошти марҳилаи чоруми Барномаи умумиҷаҳонии таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2020-2024 зарурати таҳия ва қабули Барномаи нави таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон пеш омада, бо ин асос Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2022-2026 дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мутобиқи талаботи қонунгузории миллӣ ва санадҳои байналмилалии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофшуда таҳия гардида, пешниҳод шудааст.

Иштирокчиёни ҷаласа иқдоми пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсонро хуб пазироӣ намуда, қайд карданд, ки таҷрибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт яке аз беҳтаринҳост ва истифода аз ин таҷрибаро дар кишварҳои худ ба нақша хоҳанд гирифт. 

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор