Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

October 2024
M T W T F S S
1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31

Мувофиқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳқрии Тоҷикистон бахшида ба ҳафтаи ҳуқуқи инсон санаи 10 декабри соли равон дар факултети «Таърих ва ҳуқуқ»-и Донишгоҳи давлатии Хуҷанд мизи мудаввар дар мавзӯи «Ҳуқуқ ва озодиҳои инсон – арзиши олӣ» аз ҷониби Намояндагии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Суғд ташкил ва баргузор карда шуд.

Дар чорабинӣ Роҳбари Намояндагии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Суғд – Ҳабибахон Ҳамидова, декани факултети «Таърих ва ҳуқуқ»-и ДДХ, номзади илмҳои таърих, дотсент Ҷабборов Иброҳимҷон Раҳматович, устодону омӯзгорон, ҳамчунин донишҷӯёни фаъоли факултет иштирок намуданд.

Роҳбари Намояндагии Ваколатдор оид ба ҳуқуқҳои инсон дар вилояти Суғд - Ҳ. Ҳамидова дар мавзӯи «Нақши Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд» баромад карда, қайд намуд, ки ҷиҳати ҳифз ва пешбурди ҳуқуқҳои инсон ва шаҳрванд мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориҳои судмандро бо мақомоти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалӣ роҳандозӣ намуда, дар ин раванд як қатор корҳоро ба анҷом расонид. Аз ҷумла, ташкил ва гузаронидани машваратҳои ҳуқуқии сайёр дар шаҳри Истаравшан, ки санаҳои 6 ва 7 ноябри соли равон аз ҷониби муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – Ваколатдор оид ба ҳуқуқҳои кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки занон ва кӯдакони муаммоҳои ҳуқуқӣ дошта баргузор гардида, ҷиҳати мусоидат дар баррасии онҳо нақши муҳим бозид.

Сипас, мувофиқи барнома сухан ба раиси созмони ҷавонони факултет Турсунов Ҷонибек дода шуд, ки дар мавзӯи «Ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» баромад намуд.

Дар фарҷоми чорабинӣ сухани ҷамъбастӣ ба декани факултети «Ҳуқуқ ва таърих» дода шуд ва иштирокчиёни мизи мудавварро барои саволу ҷавоби озод даъват намуда, пас аз анҷоми музокирот мизи мудаварро пӯшида эълон намуд.

Хадамоти матбуотии ВҲИ ҶТ

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор