Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

March 2024
M T W T F S S
1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Санаи 24 декабри соли равон Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода бо Ваколадор оид ба ҳуқуқи инсон дар Федератсияи Россия Москалкова Татьяна Николаевна суҳбати телефонӣ анҷом доданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Дафтари Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Мавзӯи гуфтугуи телефонӣ вобаста ба қазияе, ки 12 ноябри соли 2021 дар деҳаи Заларии ноҳияи Заларински вилояти Иркутски Федератсияи Русия рух додааст ва дар натиҷаи он 2 нафар аз шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон кушта шуда, қисмати боқимонда ҷарроҳатҳои гуногун бардоштанд. Айни ҳол аз рӯи маълумотҳои бадастомада, нисбати қазияи мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Умед Бобозода таваҷҷуҳи Татьяна Николаевнаро ба зарурати таҳқиқи фоҷиаи мазкур ҷалб намуда, дархост намуд, ки таъмини ҳамаҷонибаи ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатї, аз ҷумла шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳти назоарти бевоситаи худ қарор диҳад.

Зимнан ҳангоми суҳбат Роҳбарони ниҳодҳои миллии ҳифзи ҳуқуқи инсон оид ба масъалаҳои ҷудогонаи ҳифзи ҳуқуқи инсон ва шаҳрвандони кишварҳои якдигар низ таваҷҷӯҳ зоҳир намуданд.

Хадамоти матбуотии ВҲИ ҶТ

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор