Хуш омадед ба сомонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Муроҷиат ба Ваколатдор

Маҷаллаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Responsive image

Қаҳрамонони Тоҷикистон

October 2024
M T W T F S S
1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31

Дастгириҳои пайваста ва таваҷҷуҳу ғамхориҳои рӯзафзун нисбат ба ятимону маъюбон, бепарасторон, дардмандону оилаҳои эҳтиёҷманд дар меҳвари сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, аз амалҳои хайрхоҳона ва инсондӯстонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад.

Санаи 24 декабр Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода, бо мақсади аёдати кӯдакони ятиму бепарастор ва табрикоти онҳо бо фарорасии Соли нави 2022 ба Муассисаи давлатии "Маркази дастгирии оила ва кӯдакон" - и № 2  ш.Душанбе ташриф овард.

Зимни боздид Умед Бобозода сараввал бо роҳбарият ва ҳайати кормандони муассиса суҳбат доир намуда, сипас бо кӯдакон вохӯрд.

Ваколатдор тарбиятгирандагони муассисаро бо фарорасии Соли нави 2022 табрик намуда, ба онҳо дар бораи ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати кӯдакону ҷавонон сӯҳбати судманд намуд. Аз ҷумла, қайд гардид, ки тамоми кӯшишу ғайрат бояд ба он равона карда шавад, ки кӯдакон аз муассисаи мазкур бо як тафаккури солим, донишу  малака ва касбу ҳунар ба ҷомеа ворид гардад, чунки кӯдакон ояндаи давлату миллати мо ҳисоб мераванд.

Дар охир  Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тарбиятгирандагон ва кормандони муассисаро бо соли нав табрик намуда, ба онҳо тӯҳфаҳои солинавӣ ва маводҳои  якдаъфинаи хуроквориҳоро  расонд.

Хадамоти матбуотии ВҲИ

President

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бобозода Умед

Бобозода Умед

Маълумоти бештар

Рамзҳои давлатӣ

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Responsive image

Барномаи миллии сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 солаи об барои рушди устувор